Иттиҳоди Аврупо ва САҲА Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонро дар тармиму таҷдиди Маркази таълимии Қаратоғ дастгирӣ мекунанд
Рӯзи 5 июл Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маросими анҷоми марҳилаи аввали лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришавандаи тармиму таҷдиди Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро дар Каратоги нохияи Шахринав доир намуд. Сохтмон аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе анҷом дода шуда, таъмиру таҷҳизонидани синфҳои таълимӣ, ошхона, нуқтаи назоратии гузаргоҳ ва хобгоҳ барои 120 нафар шунавандагон ва тренерон, аз ҷумла ду утоқ барои занони иштирокчӣ ҷудо шудааст. Ин такмилот иқтидори Маркази таълимиро ҷиҳати гузаронидани курсҳои таълимӣ барои наҷотдиҳандагони тоҷик барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири харобиовари офатҳои табиӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.
Дар маросими супоридани он намояндагони боломақоми ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои СММ, сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат доштанд.
Анҷоми марҳилаи якуми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаҳои сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, марҳалаи муҳим дар ҳамкориҳои сеҷонибаи Иттиҳоди Аврупо, Дафтари барномаҳои САҲА ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) мебошад. Пеш аз ҳама, тавассути такмили назарраси иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва КҲФ ва МГ дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиидошта ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, такмили дониши касбӣ ва бозомӯзӣ тавассути омӯзишҳои амалии махсусгардонидашуда. Барои мусоидат ба роҳандозии ин тренингҳо дар Маркази таълимии КҲФ ва МГ барои наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ корҳои таъмирӣ анҷом дода шуданд. Ба онҳо иншоотҳои муҳандисии берунӣ, аз қабили обтаъминкунӣ, сохтмони қубурҳо ва корҳои барқтаъминкунӣ, инчунин сохтмони нуқтаи назоратии гузаргоҳ, бинои таълимии дуошёна, хобгоҳ ва иншооти варзишӣ барои 120 шунаванда, ошхонаи комилан автономӣ барои 80 нафар, инчунин насби системаҳои сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва назорати видеоӣ дохил мешаванд. Барои марҳилаи I Иттиҳоди Аврупо 3,3 миллион евро ҷудо кардааст. Марҳилаи дуюми лоиҳа ба тозагӣ оғоз гардида, ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бинои маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ барои тамрини расонидани ёрии аввалия ва иншооти санитарӣ барои Маркази таълимии Кумита дар Қаратоғ мусоидат мекунад. Илова бар ин, 270 афсари Кумита барои беҳтар идора кардани амалиёти саҳроӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ 14 курси таълимӣ мегузаранд.
«Дар марҳилаи II Дафтари барномаҳо ба нақша гирифтааст, ки дар Маркази таълимии Кумита дар Қаратоғ биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ барои тамрини расонидани ёрии аввалия ва иншооти санитарӣ таъмир карда шаванд. Илова бар ин, 270 нафар афсарони Кумита 14 курси таълимӣ мегузаранд, то малакаҳои худро ҷиҳати идора намудани амалиёт дар маҳалҳо такмил диҳанд», - қайд кард Хонум Мэрилин Ҷозефсон, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба Иттиҳоди Аврупо ва САҲА барои тармиму таҷдиди марказ арзи сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамтои ин марказ вуҷуд надорад ва он имкон медиҳад, ки маҳорати касбии на танҳо наҷотдиҳандагони миллӣ, балки наҷотдиҳандагони давлатҳои ҳамшарики ҳамсоя низ такмил дода шавад.
«Ман аз он хушнудам, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур дорам ва натиҷаҳои кори назарраси якҷояамонро мебинам. Итминон дорам, ки Маркази таълимӣ ба Кумита дар бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиидошта кумак хоҳад кард ва дар афзоиши умумии амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон саҳм мегузорад», - гуфт сафир Вук Жугич, иҷрокунандаи вазифаи Сарвари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Ташаббуси тармиму таҷдид бахше аз лоиҳаи САҲА «Босуботгардонии минтақаҳои сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» аст, ки Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мекунад. Барои марҳилаи I Иттиҳоди Аврупо 3,3 миллион евро ва барои марҳилаи II - 4,6 миллион евро ҷудо кардааст. Ҳадафи лоиҳа такмили дониши касбӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Кумита ҷиҳати мубориза бо фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиидошта мебошад.
Дар марҳилаи аввали лоиҳа Дафтари барномаҳо барои 220 корманди Кумита 13 курси таълимӣ гузаронидааст. Дар марҳилаи дуюм Дафтари барномаҳо ба нақша гирифтааст, ки дар маркази таълимии Кумита дар Қаратоғ бинои таълимӣ ва маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ ва санитарӣ таъмир карда шавад. Илова бар ин, 270 афсари Кумита 14 курси таълимӣ мегузаранд, то малакаҳои худро дар гузаронидани амалиёти фаври дар маҳалҳо такмил диҳанд.