САҲА ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҷлил мекунанд
Аз 17 то 25 июн Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон (Агентӣ) дар гузаронидани маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат намуд.
Амалиёти «Корвони зидди маводи мухаддир-2022 – Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ» дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд ва Душанбе баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур зиёда аз 850 нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон ширкат варзида, дар бораи мушкилоти ҷиддие, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷомеа меорад, сатҳи огоҳиро баланд бардоштанд.
Дар рӯзи ниҳоии амалиёт дар Душанбе директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода изҳор дошт, ки Агентӣ бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи оштинопазир мебарад. Ӯ қайд кард, ки чунин чорабиниҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз мушкилоте, ки маводи мухаддир ба сари ҷомеа меорад, мусоидат менамоянд.
«Имрӯз, дар остонаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ман барои ташкили чорабинии хотимавии бошукӯҳи корвони соли 2022 миннатдорам, ки барои таҳкими муносибати манфӣ ба истеъмоли маводи мухаддир, аз ҷумла тавассути ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои волонтёрӣ муфид хоҳад буд», - гуфт Сафир Вук Жугич, Иҷрокунандаи вазифаи Сарвари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. Сафир Жугич афзуд: «Мо ҳалли муштараки мушкилоти раҳоии мардумро аз нашъамандӣ идома хоҳем дод»
Намояндагони баландпояи Агентӣ, САҲА, мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғолибони ҷавони мусобиқаҳои варзишии минтақавӣ ва озмунҳои расмиро бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Дар ҳар як маърака намоиши театрӣ дар бораи зарари нашъамандӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуданд.