Дабири кулли САҲА бо Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мулоқот кард ва дар маросими тақдими таҷҳизоти техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ширкат варзид
Барои дастгирии кори ҳаётан муҳими ҳифзи амнияти Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадии он барои истифода дар марз бо Афғонистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, техникӣ ва нақлиётӣ қабул карданд.
Дар маросими 6 июни соли 2022 дар Душанбе баргузоршуда Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йозефсон ба афсарони Қӯшунхои сархадии Точикистон таҷҳизот тақдим намуданд.
Тӯҳфаи мазкур 380 адад таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ва наҷотбахшӣ, 8 компютери рӯимизӣ бо мониторҳои LCD ва ду мошини сабукравро барои амалиёти саҳроии афсарони марзбони тоҷик, ки дар марзи 1350-километра бо Афғонистон хизмат мекунанд дарбар гирифт.
Дар маросими мазкур Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид гуфт: “Ҳамкории Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Қӯшунҳои сарҳадӣ ба амнияту субот дар тамоми минтақа мусоидат мекунад. Мо омодаем, ки ҳамкориҳои худро барои рафъи мушкилоте, ки барои Тоҷикистон аз бесуботӣ дар Афғонистон бармеояд, минбаъд амиқтар гардонем”.
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои пайвастаи САҲА дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳад арзи сипос намуда, барои хайрия ва кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳа миннатдорӣ баён кард. Вай афзуд: “Лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи назди сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мешавад, ба хадамоти сарҳадӣ малакаҳои зарурии вокуниш ба ҳодисаҳои амниятӣ ва ҳифзи самараноки сарҳадро таъмин менамояд. Аз замони оғози лоиҳа дар соли 2020, зиёда аз 500 афсарони сарҳадӣ дар омӯзиши амалӣ оид ба банақшагирии амалиётӣ ва дастгирии амалиёти саҳроӣ иштирок намуданд. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи дигари иборат аз 76 афсар дар вилояти Суғд малакаҳои худро дар курсҳои мушобеҳи таҳкими иқтидори амалиётӣ такмил медиҳанд”.
Мэрилин Йозефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт: “Марҳилаи аввали лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда, ки ба таҳкими иқтидори саҳроӣ, амалиётӣ ва банақшагирии Қӯшунҳои сарҳадӣ нигаронида шуда буд бомуваффакият ба охир мерасад. Ва таҷҳизоти шаҳрвандӣ, ки барои таъмини кори сарҳадбонон харидорӣ шудааст, аз қабили 2 мошини сабукрав, 4 қаиқи моторӣ ва 380 адад маҷмӯаи таълимии инфиродӣ ва 8 ноутбук дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон фавран мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Гузашта аз ин, мо омодаем, ки дар тӯли 18 моҳи оянда дастгирии амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро тавассути пешниҳоди омӯзиши иловагӣ ва инфрасохтор тамдид кунем. Ҳамин тариқ, мо шарикии зичи сеҷонибаро бо САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон идома медиҳем”.
Тақдими таҷҳизоти техникӣ бахше аз лоиҳаи САҲА «Босуботгардонии минтақаи назди сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» мебошад, ки дар чаҳорчӯби Барномаи рушди ҳамсоягӣ ва ҳамкории байналмилалии ИА маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи ин лоиҳа боло бурдани зарфияти касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Хадамоти марзбонии Афғонистон барои мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ мебошад.
Ҳадафи ин лоиҳа ҳамчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ мебошад.