САҲА сафари омӯзишии занони сиёсатмадори тоҷикро ба Македонияи Шимолӣ дастгирӣ кард
Ҳашт сиёсатмадори маъруфи Иттиҳодияи (Алянси) занони парлумони Тоҷикистон дар як сафари омӯзишӣ ба Скопиеи Македонияи Шимолӣ дар пешбурди масъалаи танзими гендерӣ кумак карданд. Чорабинии мазкур дар доираи дастгирии баназаргирии масоили гендерӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе буд ва дар якҷоягӣ бо Намояндагии САҲА дар Скопие аз 29 март то 1 апрели соли 2022 сурат гирифт.
Дар Скопие иштирокчиён бо Махфили занони парлумони Македонияи Шимолӣ, Кумитаи имкониятҳои баробар ва дигар муассисаҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи танзими гендерӣ дар сиёсат кор мекунанд, мулоқот карданд.
Ҳайат бо таҷрибаи мизбонон дар таъсиси гурӯҳи занон дар парлумони кишвар, ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиате, ки чунин ташаббус метавонад дар Тоҷикистон биёрад, инчунин бо ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар таҳияи қонунҳо ва буҷети гендерӣ шинос шуд.
Лолита Ристова, раиси Махфили занони парлумони Македонияи Шимолӣ, тавзеҳ дод, ки Махфил аз оғози кори худ дар соли 2003 чӣ гуна ҳамчун: «як мақоми машваратии ғайрирасмӣ оид ба пешбурди ҳуқуқ ва мавқеи занон, ки ба он занон вакилони бонуфузи соҳиби ваколатномаҳои ҷорӣ дохиланд, рушд кардааст. Дар тӯли солҳо, Махфил фаъолияташро ба муттаҳид кардани занон аз ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли умумӣ ва ҳалли масоили баробарии гендерӣ дар арсаи сиёсӣ равона кардааст».
Таъсиси Иттиҳоди занони парлумони Тоҷикистонро тавсиф дода Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки Иттиҳод «ҳоло дар марҳалаи нави рушд қарор дорад ва ҳадафи аслии сафари омӯзишии мо табодули таҷриба оид ба фаъолияти минбаъдаи он буд». Мансурӣ таъкид кард, ки: «Иттиҳоди занони парлумони Тоҷикистон ҳамчун як платформаи нав хоҳиши Парлумони кишварро ҷиҳати гузоштани саҳми арзанда ба афзоиши иштироки занон дар тамоми соҳаҳо ва ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар санадҳои қонунгузорӣ пурра инъикос мекунад».
Ҳадафҳои сафари омӯзишӣ кӯмак дар ҳавасмандгардонии минбаъдаи занони сиёсатмадор, табодули таҷриба ва робитаҳо ва баррасии мушкилоте буд, ки бисёриҳо дар ҷомеаҳои онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Резарт Меҳмет, аз шӯъбаи андозагирии инсонии Намояндагии САҲА дар Скопие бо ишора ба муваффақияти боздид гуфт: “Мо умедворем, ки дониш ва таҷрибаи муштараки ниҳодҳои гуногуни Македонияи Шимолӣ дар самти танзими гендерӣ аз ҷониби ҳамтоёни Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд ва хамкории мо идома хоҳад ёфт».