Мизи мудаввар оид ба таҳлили ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ВАО
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба таҳлили асноди стратегӣ дар бахши ВАО дар Тоҷикистон мизи мудаввар доир намуд. Муҳокима якҷоя бо созмони ғайриҳукуматии «Хома» 2 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 35 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Гурӯҳи корӣ дар асоси таҳлили муфассали муҳтавои асноди асосӣ оид ба масъалаҳои ВАО мушкилоти асосиеро, ки ҳалли онҳо суръати баланди рушди соҳаи ВАО ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллиро дар ин самт таъмин менамояд, муайян намуд.
Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Мо итминон дорем, ки натиҷаҳои кори гурӯҳи корӣ як такягоҳи муҳиме барои рушди минбаъдаи ВАО дар кишвар гардида, ҳамчун як механизми муҳими сиёсати давлатии иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии ҷомеа хизмат мекунанд. САҲА ҳамеша аз талошҳои Тоҷикистон барои рушди ВАО дар кишвар ва таъмини дастрасии озод ба иттилоот пуштибонӣ хоҳад кард”.
«Баъзе консепсияҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо таҷдиди назарро талаб мекунанд, ки ин табиист. Дар ин робита созмони ғайриҳукуматии «Хома» таҳлили асноди стратегӣ оид ба рушди ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронд, ки мо инро истиқбол мегирем», - гуфт Фаттоҳзода Саидмурод Самад, раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон). «Дар чорчӯби ин иқдом як қатор санадҳои стратегӣ, ки ба рушди ВАО дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Итминони комил дорем, ки ин таҳлилу омӯзиш ба рушди низоми расонаҳои кишвар, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди равобити солиму рақобатпазир дар ин бахши муҳими иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард”, - хулоса кард Фаттоҳзода.