САҲА 13-умин курси омӯзишии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда оид ба таҳкими иқтидори устувори амалиёти саҳроии афсарони сарҳадии Тоҷикистонро ба анҷом меравонад
18 ноябри соли 2021 дар Душанбе курси чаҳорҳафтаинаи омӯзишӣ оид ба таҳкими иқтидори устувори амалиёти саҳроии афсарони сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба анҷом расид. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ин курсро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил намуд.
30 афсари сарҳадӣ, аз ҷумла даҳ зан, дар курс ширкат варзида, малакаҳои худро дар хондани харитаҳои ҳарбӣ ва топографӣ, ёрии аввалия дар ҳолатҳои бардоштани ҷароҳати ҷангӣ, посбонии тактикӣ, алоқаи радиоӣ, расмиёти миллии сарҳадӣ, огоҳии гендерӣ, арзёбии хатар, навиштани гузоришҳои посбонӣ, ва усулҳои зиндамонӣ дар давраи тобистон ва зимистон баланд бардоштанд. Модулҳои посбонии тактикӣ дарсҳоро дар бораи қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ба ҳуқуқҳо ва муносибат бо боздоштшудагон ва гурезаҳо алоқаманданд, дар бар гирифтанд.
Илгар Иброҳимлӣ, Мушовири калони маъмурии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе зимни суханронӣ ба иштирокчиёни маросими хотимавӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои дастгирӣ арзи сипос кард. «Аз миёнаҳои моҳи феврал то охири соли ҷорӣ дар доираи ин лоиҳа 13 курси омӯзишӣ барои 432 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гузаронида шуд», - гуфт Иброҳимлӣ. Вай инчунин ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии молиявӣ дар татбиқи лоиҳа миннатдорӣ баён намуд.
Генерал-майор Сафаралӣ Мирзозода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қайд кард, ки хатмкунандагони курс дар самти топография, омодагии тактикӣ, омодагии тиббӣ, зинда мондан дар шароитҳои гуногун борҳо маҳорату дониши худро нишон додаанд.
Ин курси омӯзишӣ як қисми лоиҳаест, ки тавассути Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи ин лоиҳа боло бурдани зарфияти касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Хадамоти марзбонии Афғонистон барои мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои марзӣ мебошад. Ҳадафи ин лоиҳа ҳамчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.