Дар Тоҷикистон нахустин курси миллии омӯзишӣ дар асоси моделсозии тақлидӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон баргузор гардид
29 октябри соли 2021 дар Сафеддараи Тоҷикистон курси чаҳоррӯзаи миллии омӯзишӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон дар асоси моделсозии тақлидӣ ба итмом расид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Дафтари Намояндаи махсус ва Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 40 нафар кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии «Фемида» ва «Корвони умед» ширкат варзиданд.
Ин машци навоварона, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуд, ба кормандони сафи пеш имкон дод, ки амалҳои воқеии мубориза бо хариду фурӯши одамонро тақлид кунанд ва бо истифода аз актёрҳо сенарияҳои хариду фурӯши одамонро тақлид кунанд. Дар рафти омӯзиш ҳолатҳои хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори меҳнать ва ҷинсӣ тақлид карда шуданд.
Барномаи омӯзишӣ ҳамчунин аз қисмати назариявии якрӯза иборат буд, ки дар он ба иштирокчиён оид ба моҳият ва мундариҷаи чорабинӣ, қонунгузории Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва нақшҳо ва қоидаҳои рафтор дар рафти машқи тақлидӣ маълумот дода шуд.
“Соли ҷорӣ барои омӯзишҳои миллӣ дар асоси меделсозии тақлидӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон, ки дар Украина, Қирғизистон, Қазоқистон, Албания ва Тоҷикистон баргузор шуданд, соли ҳаяҷоновар буд. Ҳоло, ки механизми миллии Тоҷикистон оид ба бозравонии ҷабрдидагон бознигарӣ шудааст ва нақшаи нави миллии мубориза бо хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор дорад, ин машқ бахусус саривақтӣ аст”, гуфт Валиант Ричи, Намояндаи махсуси САҲА ва Ҳамоҳангсози мубориза бо хариду фурӯши одамон. “Омӯзиш ба иштирокчиён аҳамияти ҳамкории мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иҷтимоиро нишон дод ва барои кормандони навтаъйини паноҳгоҳи давлатӣ имконияти хуб фароҳам овард, то аз созмони ғайридавлатии махсусгардонидашуда таҷрибаи арзишманд омӯзанд. Дар ҷараёни омӯзиш ҳамчунин масъалаи истисмори меҳнатӣ, як шакли қочоқ, ки аксар вақт сарфи назар карда мешавад ва таваҷҷӯҳи махсусро дар минтақаи САҲА ва берун аз он тақозо мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ман бесаброна интизори онам, ки дарсҳои омӯхташуда дар амал татбиқ карда шаванд” - афзуд Ричи.
Машқҳои тақлидии воқеӣ дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо дар расонидани кӯмак ба кишвари мизбон дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва беҳтар муайян ва кӯмак кардан ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон тавассути усули нави ҳамоҳангшуда гузаронида шуд.