Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ мерасонад
16 июни соли 2021 дар Душанбе, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба беморхонаи махсусгардонидашудаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон як воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии пурра муҷаҳҳазкардашуда ва панҷ компютерро тақдим намуд.
Кӯмаки тақдимкардашуда иқтидори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятииро таҳким дода, барои беҳтар намудани шароити кор дар беморхонаи махсусгардонидашудаи он мусоидат хоҳад кард.
«Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе хушнуд аст, ки ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади беҳтар намудани иқтидори муассисаҳои пӯшида ва шароити маҳбусон дастгирии техникӣ таъмин мекунад», - гуфт Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба САҲА барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории самарабахш дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 арзи сипос намуд. «Муҳофизати тиббӣ қисми асосии барқарорсозии ҳамаҷониба дар муассисаҳои пӯшида мебошад», - гуфт Умаров.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Ҳукумати Тоҷикистон дар баланд бардоштани иқтидори он дар таҳияи чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ва механизмҳои марбут ба санҷиш, арзёбии хавф, тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ҷинояткорони калонсол ва ноболиғ кӯмак мерасонад.