САҲА курси омӯзишӣ оид ба дастгирии ҳуқуқии қурбониёни хушунати хонаводагӣ барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занон ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад
Аз 27 то 30 апрел дар Душанбе Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси чоррӯзаи омӯзиширо барои ҳуқуқшиносон аз Марказҳои захиравии занон (МЗЗ), ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ карда мешаванд, ва мақомоти маҳаллӣ баргузор намуд. Чорабинӣ 23 нафар иштирокчиёнро аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон гирд овард.
Курсро тренерон/ҳуқуқшиносони соҳиби таҷрибаи махсуси чандинсолаи амалии ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи хушунати хонаводагӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни курс иштирокчиён бо чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ дар соҳаи пешгирии хушунати хонаводагӣ, механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ошкор кардани хушунати хонаводагӣ ва малакаҳои кор бо ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ шинос шуданд. Мавзӯи дигари баррасишуда тағйир додани механизмҳои бозравонии ҷабрдидагон ва механизмҳои ситонидани ҷуброни молӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ буд. Иштирокчиён машқҳои амалӣ ва гурӯҳӣ доштанд, ки ба онҳо дар муҳокимаи масъалаҳо ва ёфтани роҳҳои ҳалли онҳо кӯмак карданд.
Комронбек Гулов, намояндаи Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон муфид донист, ки дар давоми курс тавонистааст оид ба норасоӣ ва камбудиҳои дар сатҳи ноҳия ҷой дошта маслиҳатҳои мушаххас гирад.
«Тренинг дониши навро оид ба масъалаҳои алимент ва берун бурдани кӯдакон аз Тоҷикистон бидуни розигии волидайни дигар таъмин кард. Аз рӯи парвандаҳои мушаххасе, ки дар кори мо хеле маъмуланд, кори гурӯҳӣ ташкил карда шуд», - гуфт Хуршедахон Мӯъминзода, ҳуқуқшиноси МЗЗ аз Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд ва афзуд, ки ин донишро дар амал татбиқ карда метавонад.
Дафтари барномаҳои САҲА дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи Қонун дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ идома хоҳад дод. Дафтари барномаҳо ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳо тавассути шабакаи 14 МЗЗ таъсисдодаи САҲА дастгирии ҳамаҷонибаро дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ таъмин менамояд.
Фаъолияти кунунӣ дар доираи лоиҳаи Марказҳои захиравии занони Дафтари барномаҳои САҲА, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финляндия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад.