САҲА курси таълимиро оид ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар фасли зимистон бо ҳадафи таҳкими зарфияти масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба охир расонд
28 январи соли 2021, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 18 намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) курси такмили ихтисос оид ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ дар зимистонро ба анҷом расонид. Ин курси сеҳафтаина ба баланд бардоштани маҳорату малакаҳои наҷотбахшон ҷиҳати гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои тармафароӣ, инчунин расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабрдидагон пас аз тармафароӣ дар шароити душвори зимистон нигаронида шудааст.
Дар курси таълимӣ мавзӯъҳо, аз қабили кор бо харитаи схемавӣ, техникаи ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ, асбобҳо ва таҷҳизоти наҷотбахш дар кӯҳҳо дар зимистон, ҳаракати эҳтиёткорона дар рӯи оби яхкардашуда, корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои тармафароӣ ва ғайра фаро гирифта шуданд.
Машғулиятҳои назариявӣ дар Маркази таълимии ҷумҳуриявии КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе ва машғулиятҳои амалӣ дар ноҳияи Варзоб баргузор шуданд. Курсро коршиносони маҳаллӣ аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва КҲФ ва МГ гузаронданд.
Менеҷери лоиҳа Энтони Мис гуфт: “Курси зимистонаи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ яке аз омӯзишҳои муҳимтаринест, ки дар доираи лоиҳаи мо гузаронида шудааст. Мушоҳида кардани машқҳои наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ дар ҷараёни машқҳои амалӣ, ки таҳти назорати ҷиддии ҳамкасби хеле варзида, ки дар гузаронидани амалиёти наҷотдиҳии кӯҳӣ таҷрибаи бой дорад, таҷрибаи хеле ҷолиб буд. Ман мутмаинам, ки таҷриба ва малакаҳои нави наҷотбахшон, ки дар тӯли давраи омӯзишӣ андӯхтаанд, пас аз бозгашт ба ҷойҳои хизматии онҳо дар саросари кишвар бомуваффақият истифода хоҳанд шуд”.
Наҷотдиҳанда Айниддин Раҷабов, иштирокчии омӯзиш аз вилояти Хатлон гуфт: “Мо малакаҳои махсусро омӯхтем ва дониши худро оид ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар фасли зимистон, дар минтақаҳои душворгузар ва шароити номусоиди обу ҳаво такмил додем. Мо тамоми кӯшишҳои КҲФ ва МГ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро барои ташкили ин курс ва саҳми назаррас гузоштан ба такмили ихтисоси мо дар гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ хеле қадр мекунем”.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи САҲА оид ба “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” гузаронида шуд. Ҳадафи лоиҳа тақвияти иқтидори КҲФ ва МГ дар вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ мебошад.