Иттиҳоди Аврупо ва САҲА оғози корҳои сохтмониро дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд
19 январи соли 2021, намояндагони боломақоми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ), Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар оғози расмии корҳои тармиму таҷдид дар Маркази таълимии КҲФ ва МГ дар Қаратоғ, Ноҳияи Шаҳринав ширкат варзиданд. Таъмир Маркази таълимии КҲФ ва МГ-ро ба як муассисае табдил медиҳад, ки дар он Кумита тавонмандии нерӯҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзиро тақвият медиҳад.
Таъмири марказ дар доираи лоиҳаи САҲА «Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» оғоз ёфта, дар доираи Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода гуфт: “Имрӯз марҳилаи аввали лоиҳа оғоз ёфт ва ман умедворам, ки мо таҷдиди биноро бо дастгирии шарикони лоиҳа то соли 2022 якҷоя анҷом хоҳем дод. Ин маркази таълимӣ ягона муассисаест, ки дар соҳаи бартараф кардани оқибатҳои хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ таълим медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони марказро дастгирӣ мекунад”. Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон фюзеляжҳои чархбол ва ҳавопаймо(ҳо)ро барои истифода ҳангоми таълими кӯҳнавардӣ ва инчунин қисман таъмир кардани биноҳо таъмин менамояд. Назарзода ба ИА, САҲА ва Ҳукумати Фаронса барои дастгирии қатъии охирин ба лоиҳаи таҷдиди Қаратоғ арзи сипос кард.
Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Таъмири Маркази таълимии КҲФ ва МГ дар Қаратоғ яке аз муҳимтарин унсурҳои лоиҳаест, ки ҳоло Дафтари мо амалӣ мекунад. Ман мутмаинам, ки маркази таълимии навтаъсис ба Кумита дар омода кардани наҷотдиҳандагони иловагӣ кӯмак хоҳад кард, ки онҳо дар навбати худ метавонанд ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар офатҳои табиӣ, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зуд-зуд ба амал меоянд, кумаки зарурӣ расонанд».
Мэрилин Йозефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо, Роҳбари Ҳайати намояндагии ИА дар Тоҷикистон гуфт: «Ифтитоҳи барқарорсозӣ ва сохтмони Маркази миллии таълимии КҲФ ва МГ дар Қаратоғ, Шаҳринав аз ҳамкориҳои нав ва беназири байни Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро дар соҳаи таҳкими иқтидори мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории байнисарҳадӣ бо Афғонистон гувоҳӣ медиҳад. Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки ин марҳилаи аввал ҳамкориҳои минбаъдаро дар ин самт такон медиҳад ва ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои узви он, инчунин бо дигар ҳамкорони дуҷониба ва бисёрҷониба дар баргузории курсҳои таълимӣ оид ба идоракунии фаъолияти коҳиши офатҳои табиӣ амиқтар хоҳад кард”.
Дар ҷараёни маросим, иштирокчиён майдони сохтмонро аз назар гузарониданд, то дар бораи ҳаҷми таъмир ва пас аз анҷоми он чиро бояд интизор шуд таассурот пайдо кунанд.