САҲА оид ба беҳтар намудани робитаҳои муросилотии бонкиро дар Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод мекунад
Дар як чорабинии онлайн, ки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзи 23 декабри соли 2020 доир намуд, тавсияҳо оид ба беҳтар намудани робитаҳои муросилотии бонкӣ дар байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва бонкҳои маскуни Иттиҳоди Аврупо ва ИМА муаррифӣ карда шуданд. Дар муаррифӣ 20 мансабдори Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои молиявии маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ мушкилоте, ки бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар роҳандозии робитаҳои муросилотии бонкӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ дучор омадаанд, қайд карда шуда, роҳҳои беҳтар намудани робитаҳо тавсия дода шуданд. Тавсияҳо ба гузорише асос ёфтаанд, ки бо фармоиши Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳия шуда буд, ки барои гузаронидан ва пешниҳоди таҳлил як коршиноси байналмилалиро ҷалб кардааст.
Ҳисобот инчунин ҳамчун роҳнамо барои такмил додани механизмҳои мавҷуда ва қабули қоидаҳои дохилӣ оид ба сиёсати зиддиришва ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон хизмат хоҳад кард, ки метавонад ба суръат бахшидани робитаҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИА ва ИМА мусоидат кунад.
Фарҳод Билолов, Директори Бахши мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки ин гузориш як санади муҳим аст, ки “барои такмили бахши бонкӣ дар соҳаи мубориза бо барасмиятдарории (шустушӯи) маблағҳо ва мубориза бо коррупсия ҳамчун дастури хуб хизмат хоҳад кард”.