САҲА барои беҳтар намудани муносибатҳои милитсия ва ҷомеа ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Маросимҳои ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ба истифода додани шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара” дар ноҳияи Варзоб пай дар пай санаҳои 31-уми август ва 1-уми сантябри соли 2020 баргузор гардиданд.
Кӯмаки амалӣ барои беҳтар намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар доираи кӯшишҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) сурат мегирад.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ва сардори Раёсати ВКД генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф дар ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Ҳуҷраҳои корӣ пурра таъмир карда шуда, бо ҷиҳозҳо ва технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Онҳо барои нозирони минтақавии милитсия, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷомеа барои мулоқот ва ҳалли масъалаҳои ҷомеа шароит фароҳам меоранд. Дар маросими ифтитоҳ генерал-лейтенант Назарзода қайд кард, ки ифтитоҳи ин идораҳо ба Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳамкории фаъолтар бо шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА Валериу Кивер, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара”-ро дар ноҳияи Варзоб мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Ин шӯъбчаи хизматии саввум мебошад, ки илова бар ду шӯъбачаҳои дигар дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара” аз се утоқ ва як толори конфронс иборат буда, имкон медиҳад, ки аъзоёни ҷомеаи маҳаллӣ ва нозирони минтақавии милитсия мулоқот кунанд ва тадбирҳои муштаракро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи худ муҳокима кунанд.
«Умедворем, ки шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара” дар ташкили робитаи наздик бо аҳолии маҳаллӣ бо мақсади таъмин намудани ҳисоботдиҳӣ ва таҳкими эътимод байни милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак хоҳад кард», - гуфт генерал-майор Иброҳимзода.
ВКД Тоҷикистон ва САҲА дар якҷоягӣ дар самти мусоидат ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ноил шудан ба дастгирии ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ байни милитсия ва шаҳрвандони Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.