Дафтари барномаҳои САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро тақдим кард
Дар санаи 4 августи соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро (тепловизионные камеры видеонаблюдения) тақдим намуд. Таҷҳизоти супоридашуда иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои беҳтар муайян ва мусодира кардани ашёҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади сабзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад афзоиш медиҳад.
Интизор меравад, ки кӯмаки пешниҳодшуда ба мақомоти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва бахусус ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ кӯмак хоҳад кард. Барои истифодаи тӯлонии таҷҳизот, Дафтар ба нақша гирифтааст, ки ба афсарони марзбони Тоҷикистон истифодаи системаи назоратро омӯзонад.
Илова бар ин, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе 25 маҷмӯаи сайёҳиро ба Воҳиди махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим намуд, ки ба онҳо дар амалиётҳои пурсамари саҳроӣ кӯмак хоҳад кард.