САҲА омӯзишро дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва масъалаҳои гендерӣ барои афсарони ҷавони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон доир намуд
![](https://www.osce.org/files/imagecache/10_large_gallery/f/images/hires/f/3/449851.jpg?1586423269)
Дар санаи 7-9 апрели 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари серӯзаро барои афсарони ҷавони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон (Агентӣ) дар шаҳри Душанбе доир намуд. Дар семирнари мазкур иштирокчиён дар барои ҳуқуқҳои инсон таълим гирифтанд ва чӣ гуна мусоидат ва ба назар гирифтани масъалаҳои гендериро дар кори ҳаррӯзаашон омӯхтанд. 25 афсари ҷавони Агентӣ дар семинар иштирок карданд. Ин иқдом ҷузъи омӯзиши махсуси 15-рӯза барои кормандони ҷавони Агентӣ буд, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ собиқаи кории худро нав оғоз карданд.
Иштирокчиёни семинар дар бораи ҷанбаҳо ва баробарии гендерӣ дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намудҳои гуногуни хушунати хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии онро омӯхтанд. Диққати махсус ба ҳифзи ҳуқуқи ҳабсшудагони ҷиноятсодирнамуда равона шуд, ки дар он ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ баррасӣ шуданд. Инчунин иштирокчиён дар рафти омӯзиш ҳуқуқҳои зан ва маҳдудкунии гендериро низ баррасӣ карданд.
“Ғайр аз баррасии масъалаҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мо инчунин машқҳои амалиро иҷро намудем, ки бар асоси якчанд ҳолатҳои махсуси масъалаҳои гендерӣ равона шуда буданд”, гуфт Шамигул Аминова, мутахассис ва тренери семинари музкур.