САҲА Форуми якуми ислоҳоти пенитенсиариро дар Тоҷикистон, ки ба рушди системаи маҳбасхонаҳо бахшида шудааст, дастгирӣ кард
20 ноябри соли 2019 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми якуми ислоҳоти муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба рушди системаи маҳбасхонаҳо дар Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Форуми мазкур дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, созмони «Ислоҳоти байналмилалии маҳбасхонаҳо», Ҳукумати Британияи Кабир, Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Дафтари Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон доир гардид.
Мақсади форум муҳокимаи масъалаҳои калидии идоракунии самараноки ислоҳоти пенитенсиарӣ дар кишвар буд.
Коршиносон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мансабдорони давлатӣ масъалаҳои аз пешгирии экстремизми зӯроварона ва радикализатсия, ки ба терроризм оварда мерасонанд дар муассисаҳо то ҷорӣ намудани озмоишро (пробатсия) баррасӣ намуданд. Онҳо инчунин аҳамияти таҳкими тадбирҳои амниятиро дар муассисаҳои пӯшида тавассути мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳои мухталиф ва таҳияи барномаи ҳамаҷонибаи офиятбахшӣ дар зиндонҳоро муҳокима намуданд.
«Дафтари барномаҳои САҲА ба татбиқи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон, бо таваҷҷӯҳи махсус ба маҳбасхонаҳо ва идоракунии озмоиши оянда мусоидат мекунад», гуфт роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер. «Риояи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, озодии баён ва дахолатнопазирӣ, баробарии гендерӣ ва принсипи роҳ надодан ба табъиз хеле муҳим аст».
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ гуфт, ки то охири декабри соли 2019 20,000 маҳбусон бояд авф карда шаванд, ки айни ҳол 10, 277 нафари онҳо озод карда шудаанд.
Пас аз Форум барои кормандони системаи пенитентсиарӣ, бо дастгирии САҲА семинари дурӯза оид ба ташкили системаи самараноки идоракунии зиндонҳо ва татбиқи барномаҳои офиятбахшӣ баргузор гардид.