САҲА иқтидори мансабдорони сарҳадбони Осиёи Марказиро дар таҳқиқоти таҳлилӣ ва мубодилаи иттилоот баланд мебардорад, то амнияти сарҳадҳоро дар минтақа мустаҳкам намояд
25 октябри соли 2019 мансабдорони сарҳадбон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе семинари якҳафтаинро оид ба амалияи таҳлилӣ ва мубодилаи иттилоот анҷом доданд. Дар ҷараёни омӯзиш малакаҳои 15 иштирокчӣ дар таҳлили муассири хатарҳо ва таҳдидҳо ташаккул дода шуданд ва воситаҳои мубодилаи иттилоот байни мақомоти ҳифзи сарҳадот баҳри пешгирии ҳодисаҳои марзӣ дар минтақа фароҳам оварда шуданд. Омӯзишро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор намуд.
Машғулиятҳоро омӯзгорони полиси Маҷористон ва Гурӯҳи машваратии сарҳадии Русия доир намуданд.
Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба иштирокчиёни маросими хатми барнома муроҷиат карда, ба онҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти марзҳо арзи сипос намуд. «Тадқиқоти дақиқи таҳлилӣ ва иттилооти ба далелҳо асосёфта ба ҳимояи беҳтари сарҳадот ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард», - иброз намуд Кивер. «Семинари мазкур ба баланд бардоштани маҳорати кормандони мақомоти сарҳадӣ ва беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни мақомоти сарҳадӣ дар минтақа равона шудааст», - афзуд ӯ.