Сарҳадбонони Тоҷикистон ва Афғонистон курси таълимии САҲА оид ба таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро хатм карданд
20 сентябри соли 2019, 15 нафар сарҳадбонони тоҷик ва даҳ нафар сарҳадбонони афғон дар Душанбе курси чорҳафтаинаи таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро бомуваффақият хатм карданд. Он дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори воҳидҳои посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тавассути рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» баргузор карда шуд.
Дар омӯзиш мавзӯъҳои хондани харитаҳо, кӯҳнавардӣ ва расонидани кӯмаки аввалия дар маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин дониши худро оид ба банақшагирӣ ва посбонии сарҳад тавассути харитаҳои топографӣ, аксҳои моҳвораӣ, рушди малакаҳои банақшагирӣ ва идоракунии посбонӣ ва кӯҳнавардӣ васеъ намуданд. Машғулиятҳоро панҷ тренерони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон – хатмкунандагони курсҳои дахлдори САҲА гузарониданд.
Курс инчунин машғулиятҳои доир ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсонро, ки аз ҷониби коршиносони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гузаронида шудаанд, инчунин машғулиятҳои оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз минаҳо, ки аз ҷониби коршиносони Бахши оид ба масъалаҳои минапоксозӣ гузаронида шудаанд, дар бар гирифт.
Маросими тақдими дипломҳоро роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ифтитоҳ намуда, сарҳадбононро бо хатми бомуваффақияти курс табрик кард. Вай инчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар ҳифзи сарҳадот изҳори миннатдорӣ кард: «САҲА дастгирии худро ба нерӯҳои сарҳадбони Тоҷикистон тавассути машқҳои тактикӣ дар чор маркази таълимии минтақавӣ дар саросари кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷойгиранд, идома хоҳад дод».
Сардори Раёсати байналмилалии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон полковник Шарифов Зафар қайд кард: «Курси омӯзишии САҲА оид ба таҳкими иқтидори устувори амалиётӣ дар маҳалҳо бо мақсади васеъ намудани имконоти сарҳадбонони тоҷику афғон дар ошкор ва пешгирии намудани убури ғайриқонунии сарҳад ба афсарони ҳарду кишвар имконият фароҳам меорад, ки ҳангоми ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ ба якдигарфаҳмӣ расанд».
Атташеи ҳарбии Сафорати Афғонистон дар Душанбе, полковник Муҳаммад Мустафо Нуристонӣ гуфт: «Нерӯҳои амниятӣ ва мудофиаи Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризми байналмилалӣ қарор доранд. Ман итминон дорам, ки сарҳадҳои мустаҳкам метавонанд дар пешгирӣ ва коҳиш додани таҳдидҳои терроризм нақши муҳим дошта бошанд».
Ин ҳафтумин курси омӯзишӣ аз оғози лоиҳа дар соли 2018 аст. Шаш курсҳои қаблии омӯзишӣ дар марказҳои таълимии минтақавии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ 174 сарҳадбон: 164 сарҳадбонони Тоҷикистон ва даҳ сарҳадбонони Афғонистон омӯзонида шуданд.