САҲА ва Тоҷикистон афзалиятҳои ҳамкориро барои соли 2020 муайян карданд
23 августи соли 2019 намояндагони САҲА, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот доир намуданд, то фаъолияти муштараки худро барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Соли оянда иқдомҳои нав оғоз меёбанд ва самтҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба таври назаррас тавсеа меёбанд.
Вохӯрӣ, ки бо номи Платформаи ҳамкорӣ маълум аст, намояндагони 25 мақомоти давлатӣ ва 40 гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер қайд кард, ки мулоқоти мазкур аз оғози марҳилаи ҳаяҷоновари ҳамкориҳои нав гувоҳӣ медиҳад: «Соли оянда мо дар ҳар се андоза як қатор фаъолиятҳои навро оғоз хоҳем кард. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, ба муваффақиятҳои бештар ноил мегардем ва ман шодам, ки дар соли 2020 бо зиёда аз 70 шарикони ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ хоҳем кард, то ба ҳамаи шаҳрвандон фоидаи назаррас таъмин намоем».
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, қайд кард, ки «рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии одамон, усули таъмини сифати маориф ва илм, ғамхорӣ ба муҳити зист, рушди устувор, аз ҷумла андозаи инсонӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо бо САҲА мебошанд».
Сафир Ян Бори, ки Словакияро дар вазифаи Раиси САҲА намояндагӣ мекунад, аҳамияти ин чорабиниро қайд карда афзуд, ки «Платформаи ҳамкории САҲА-Тоҷикистон метавонад боиси ба ҳаёт татбиқ намудани суханҳои моҳи майи соли 2019 ба ҳамдигар гуфтаи Раиси амалкунанда Лайчак ва Президент Раҳмон гардад».
Муовини роҳбари Бахши зиддитеррористии Котиботи САҲА Фейзо Нуманай, ки Котиботи САҲА-ро намояндагӣ мекунад, нақши фаъоли Тоҷикистонро дар САҲА, бахусус раисии он дар Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар соли равон қайд кард. «Кишвар дар мусоидат намудан ба амният ва суботи минтақавӣ нақши муҳим мебозад ва мо омодаем ин кӯшишҳоро то ҳадди имкон беҳтар дастгирӣ намоем. Аз садоқати мо он шаҳодат медиҳад, ки САҲА дар Душанбе якчанд ташаббусҳои бузургтарини ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳад оғоз намудааст», - афзуд ӯ.
Платформаи ҳамкорӣ соли 2018 барои таҳкими шарикӣ байни Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории воқеӣ, масъулияти маҳаллӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият оғоз ёфт.