Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Академияи САҲА дар Бишкек мактаби тобистонаи ҷавононро оид ба баробарии гендерӣ доир намуданд
Аз 12 то 17 августи соли 2019, 20 ҷавонони Тоҷикистон - 14 ҷавонзан ва 6 ҷавонмард, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии бақайдгирифташудаи Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, дар мактаби тобистонаи ҷавонон оид ба баробарии гендерӣ дар Академияи САҲА дар Бишкек, Қирғизистон ширкат варзиданд.
Курс аз ҷониби тренери ботаҷриба оид ба масоили гендерӣ аз Қирғизистон гузаронида шуд, ки бо меъёрҳои байналмилалии ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи занон, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, аз ҷумла малакаҳои гузаронидани таҳлили гендерӣ ва таҳияи буҷети гендерӣ шинос намуд.
Мактаби тобистона мулоқотҳо бо ташкилотҳои ҷавонони фаъолро, ки дар самти пешбурди ҳуқуқи занон дар Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ кор мекунанд, дар бар мегирад. Ғайр аз он, устодони Академияи САҲА оид ба назарияи сиёсат ва демократикунонӣ лексия хонданд.
Зимни машғулияти “Қаҳва бо роҳбарон” Авазкан Ормонова, вакили Парлумони Қирғизистон ва Раиси Гуруҳи буҷавӣ қайд кард: “Ҷавонон ва занон дар пешбурди ҳуқуқи занон бояд шарикони баробар бошанд. Мо бояд дар ҳама сатҳҳои сиёсат, аз ҷумла маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ муттаҳид бошем.”
Чорабинӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Академияи САҲА дар Бишкек баргузор гардид.