САҲА намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, омӯзгорон ва падару модаронро дар Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон таълим медиҳад
Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе тақрибан барои 320 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ, омӯзгорон, падару модарон аз оилаҳои муҳоҷирон ва одамоне, ки хешовандони онҳо ҳамчун муборизони террористии хориҷӣ ба минтақаҳои мавриди муноқиша қарордошта рафтаанд, ҳамчун як ҷузъи усули умумиҷомеавии мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад, дар байни ҷавонони Тоҷикистон омӯзиш доир намуд. Курсҳои омӯзишӣ аз 24 июн то 18 июли соли 2019 дар 12 ноҳияи вилояти Суғд ва Хатлон гузаронида шуданд.
Курсҳои омӯзишӣ доираи васеи фаъолонро бо мақсади пешгирии паҳншавии ифротгароии хушунатомез дар сатҳи маҳаллӣ ҷалб карданд. Курсҳо имконоти омӯзгорони маҳаллиро дар ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба барномаи таълимии худ васеъ намуданд ва волидонро бо усулҳои ошкор намудани аломатҳои аввалини тундравӣ дар байни аъзои ҷавони оила шинос намуданд.
«Омӯзиш ба ман дониши бунёдӣ оид ба омилҳои мухталифи барангезанда, ҷалбкунанда, инфиродӣ ва муҳитие, ки боиси ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад мегарданд фароҳам овард», гуфт Алишер Носиров, намояндаи маъмурияти ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон. Носиров афзуд, ки итминон дорад, ки вай метавонад дониш ва малакаҳои навро ҳангоми таҳияи ташаббусҳои маҳаллӣ барои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон истифода кунад.