САҲА тавассути омӯзиши соҳибкорӣ дар самти қабули сайёҳон дар хонавода имконоти занони тоҷикро васеъ менамояд
Васеъ намудани имконот, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занон ба соҳибкории сайёҳӣ - ҳадафи асосии омӯзиши серӯза оиди ташкил намудани шароит барои қабули сайёҳон дар хонавода буд, ки он барои 15 нафар занон аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон гузаронида шуда, санаи 10-уми июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Давраи омӯзишие, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир гардидааст, нақшаҳои кишварро оид ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои бостонӣ барои солҳои 2019-2021 дастгирӣ мекунад.
Иштирокчиён тарзи ташкил ва рушди соҳибкорӣ дар ҷамоатҳои худ дар самти қабули сайҳон дар хонавода, тарғибу пешбарии он, кор бо мизоҷон, омода намудани ғизо ва ашёҳо барои меҳмонон, таъмини бехатарӣ ва тансиҳатии меҳмононро омӯхтанд. Машғулиятҳои интерактивӣ аз кор дар гурӯҳҳо ва бозиҳои нақшавӣ иборат буданд, ки дар ҷараёни он иштирокдорон барои фаъолияти соҳибкории ояндаи худ нақшаҳои тиҷоратӣ таҳия намуданд.
“Мо аз омӯзиши мазкур донишу таҷрибаи заруриро барои оғоз намудани соҳибкорӣ дар самти ташкил намудани шароит ва қабули сайёҳон дар хонаводаро аз худ кардем”, - гуфт Фуруғ Шакармамадова, яке аз иштирокчиёни омӯзиш. “Он ба мо инчунин имконият фароҳам овард, то бубинем, ки чӣ тавр занони минтақаҳои дигари Тоҷикистон мушкилотеро, ки дар ҷараёни рушди соҳибкорӣ дар қабули сайёҳон дар хонавода ба миён меоянд, бартараф мекунанд”.
Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ба соҳибкорони навтаъсисшуда дар самти қабули сайёҳон дар хонавода, кӯмаки худро дар дар ҷойҳо идома хоҳад дод. Ҳадафи асосии омӯзиш оид ба таъсис додани соҳибкорӣ дар самти қабули сайёҳон дар хонавода – ин васеъ намуданиимкониятҳои иқтисодии занон аст, ки сатҳи малакаи қарорқабулкунии онҳоро ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, тақвият мебахшад.