САҲА дар соли 2019 ихтисоси 100 масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистонро тавассути силсилаомӯзишҳо такмил медиҳад
Аз 17 то 22 июни соли 2019, САҲА сеюм тренинги силсилавии худро барои масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ анҷом дод. Ин тренинги хотимавии силсилаомзишҳо буда, дар аввали соли ҷорӣ ба чунин монанд тренингҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор шуда буданд. Ҳамаи тренингҳо аз ҷониби коршиносони миллии сарҳадбони Тоҷикистон, ки хатмкунандагони курсҳои қаблии САҲА мебошанд, гузаронида шуданд.
Се тренинги дуҳафтаинаи омӯзишӣ ба 100 масъулини мақомоти сарҳадӣ имкон доданд, ки роҷеъ ба мушоҳидаи самаранок, кӯмаки аввалия ва банақшагирии амалиётӣ, донишу малакаҳои худро сайқал диҳанд. Ғайр аз ин, тренингҳои омӯзишӣ ба маҳорати посбонӣ, огоҳӣ дар бораи поксозии минаҳо, ба назар гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми таъмини амнияти сарҳадӣ ва гузаронидани мушоҳидаи кинологӣ бахшида шуданд.
«Барои мо муҳим аст, ки ҳамаи донишу малакаҳоеро, ки аз мутахассисони соҳибтаҷриба дар рафти тренингҳои омӯзишӣ андӯхтем дар кори ҳаррӯзаи худ истифода намоем», - гуфт яке аз иштирокчиён Авлиёҳусейн Давлтҳусейнов.
«Ин тренингҳои омӯзишӣ як иқдоми муҳиме мебошад, ки барои татбиқи Стратегияи миллии сарҳадии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими иқтидори қӯшунҳои сарҳадбонӣ идома дода, ҳамин тариқ ба амният ва суботи кишвар мусоидат хоҳад кард», - иброз намуд Валерий Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.