Мизи мудаввари САҲА дар бораи худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон
21-уми июни соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳти унвони «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда», дар Душанбе ҷаласаи мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 70 иштирокчи, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъол, иштирок карданд.
Дар кори мизи мудаввар иштирокчиён стратегияи сесола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, муҳокима намуданд. Коршиносони САҲА таҷрибаҳои омӯхташуда ва намунаҳои кори беҳтаринро оиди бартариҳо ва хусусиятҳои худтанзимкунии ВАО гуфта гузашта, ба ҳозирин дар бораи фаъолияти шӯроҳои ВАО дар минтақаи САҲА иттилоъ доданд.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар кишвар арзи сипос намуда, қайд кард: «Дафтари мо омода аст Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Тоҷикро минбаъда низ барои беҳтар намудани озодии сухан, гуногунандешии ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар дастгирӣ намояд”.
Иштирокчиёни мизи мудаввар саҳми САҲА-ро дар ривоҷ додани озодӣ ва гуногунандешии ВАО дар Тоҷикистон пазируфтанд. “Мақсади асосии Шўрои ВАО ривоҷи озодии сухан ва баланд бардоштани сифати хабарнигорӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он мувофиқи ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ бояд гузаронида шавад. ВАО бояд ба як платформаи муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷомеа табдил ёбанд», - гуфт Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.