Дар Душанбе бо дастгирии САҲА оид ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
11-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе оид ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ якҷоя аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Тақрибан 50 коршиноси тоҷик ва мутахассисони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаҳои асосӣ ва тавсияҳои таҳлили ҳуқуқии соли гузашта аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гузаронидашударо мавриди муҳокима қарор доданд. Таҳлили мазкур ба арзёбии мувофиқати қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи тавонбахшии кӯдакони дар мухолифат бо қонунбуда имконият дод.
Онҳо инчунин ҳуҷҷати аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА омодашуда, яъне Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, аз ҷумла кӯдаконе, ки дар муассисаҳои маҳрумсозӣ аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Барнома механизми асосии тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии маҳбусони ноболиғ ва маҳбусони собиқ мебошад, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон аз соли 2020 то 2024 амалӣ мешавад.
Дар мизи мудаввар Раҷабмо Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аҳамияти ин ташаббусро қайд намуд, ки ҳамчун заминаи мусоид ба тавонбахшии кӯдакон дар низоми адолати судӣ хизмат мекунад. Ӯ афзуд, ки ин хизматрасониҳо на танҳо барои кӯдаконе, ки муассисаҳои маҳрумкунӣ аз озодиро тарк мекунанд равона шудааст, балки ба кӯдаконе низ расонида мешаванд, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шуданд ва ҳукми ҷазои ба маҳрумкунӣ аз озодӣ робита надошта гирифтаанд ё аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.
«Тоҷикистон қадамҳои муҳимеро барои таъмини ислоҳоти комили низоми адолати судӣ гузошт, ки ҷинояткорони ҷавон тавонанд ба шаҳрвандони масъулиятшинос тағйир ёфта ба рушди ҷомеа саҳми созанда гузоранд», - иброз дошт роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер.