САҲА дар Душанбе оид ба масъалаҳои мустақилияти ҳокимияти судӣ мизи мудаввар доир менамояд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба масъалаҳои мустақилияти мақомоти судӣ барои 30 ҳуқуқшиносон, олимони ҳуқуқшинос, собиқ судяҳо ва прокурорҳо мизи мудаввар баргузор намуд. Чорабинӣ 30 апрели соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (КБҲ) доир гардид.
Дар рафти муҳокима таваҷҷӯҳи асосӣ ба низоми дар Тоҷикистон амалкунандаи интихоб ва таъини судяҳо, аз ҷумла низоми муҷозотӣ барои судяҳо зоҳир намуда шуд. Котиби генералии Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон Сомон Зарифӣ дар бораи стандартҳои байналмилалие, ки ба нигоҳ доштани мустақилияти мақомоти судӣ равона шудаанд ва собиқ судя Мартин Комте, Фаронса, дар бораи таҷриба ва хусусиятҳои системаи фаронсавии таъмини мустақилияти мақомоти судӣ нақл карданд.
«Низоми мустақили судӣ барои ҳимояи қонуният ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Мо ошкорбаёнии чандин нафар судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳоро дар тавсифи имкониятҳо ва мушкилоте, ки низоми судӣ дар ин ҷо бо онҳо рӯ ба рӯ аст, қадр мекунем», - гуфт котиби генералии КБҲ Зарифӣ. «Мо натиҷаҳои ин муҳокимаҳои пурарзишро ба гузориши минбаъдаи худ, ки тавсияҳо оид ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад, дохил хоҳем кард».
Иштирокчиён оид ба вазъи мустақилияти судӣ дар Тоҷикистон табодули дониш ва афкор намуданд. Гузориш ва тавсияҳо барои муколамаи оянда бо шарикони дахлдор аз ҳукумати Тоҷикистон замина мегузоранд ва барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар талошҳои мунтазами он ҷиҳати пешбарии стандартҳои байналмилалии мустақилияти мақомоти судӣ ҳамчун воситаи таблиғотӣ хизмат мекунанд.