Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе конфронси бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуотро дастгирӣ менамояд
3 майи соли 2019 хабарнигорон ва коршиносони ВАО аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот дар конфронси байналмилалии «Пешбурди ВАО ба рушди устувори сулҳ ва демократия» ҷамъ омаданд.
Дар конфронс тақрибан 130 рӯзноманигорони Тоҷикистон ва байналмилалӣ, ва намояндагони ҳукумат ва парлумон ширкат варзиданд. Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон баргузор намуданд.
«Таҷлили ҳарсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот ба ҳамаи мо дар бораи аҳамияти озодии сухан барои ҷомеаи демократӣ хотиррасон мекунад. САҲА аз он ифтихор дорад, ки ягона ташкилоти байналмилалии амниятие мебошад, ки озодии сухан ва озодии воситаҳои ахбори оммаро ба консепсияи фарогири амниятии худ дохил намудааст», - гуфт Фейзо Нуманай, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
«Озодии воситаҳои ахбори омма ва дастрасӣ ба иттилоот қисми ҳадафи васеътари рушди тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон мебошад. Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳо раванди бисерандозаи иҷтимоӣ ва сиёсиест, ки ба одамон ҷиҳати ба даст гирифтани назорат аз болои ҳаёти худ кӯмак мерасонад. Ба ин метавон танҳо бо роҳи дастрасӣ ба иттилооти дақиқ, одилона ва бетараф ноил гардид», - афзуд Нуманай.
Дар рафти конфронс иштирокчиён мушкилоти ВАО-ро дар замони гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва роҳҳои таҳкими заминаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти ВАО ҳамчун омили таъмини озодӣ ва истиқлолияти онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо технологияи нав ва тамоюлҳо ва таъсири онҳо ба озодии сухан ва таҳкими арзишҳои демократиро низ баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён рӯйхати тавсияҳоро барои ҳукуматҳои кишварҳои Осиеи Марказӣ таҳия намуданд.
Дар рафти конфронс шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ғолибони ҷоизаи «Эътимод» барои хабарнигоронро эълон намуд, ки барои риояи беҳтарини Кодекси рафтори хабарнигорони Тоҷикистон тақдим карда мешавад.
Конфронс бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Институти ҷомеаи кушода - Бунеди мадад дар Тоҷикистон, сафоратҳои Шоҳигарии Муттаҳида ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва Шабакаи Интерньюс дар Тоҷикистон доир гардид.