САҲА оғози Портали тиҷоратии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд
26 апрели соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати кушодани портали тиҷоратии Тоҷикистон (Tajikistan’s Trade Portal) дар Душанбе дастгирӣ намуд, ки ба густариш ва васеъ намудани дастрасӣ ба иттилооти тиҷоратӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мусоидат мекунад.
Дар маросими ифтитоҳӣ 120 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омадаанд.
Ташаббуси мазкур аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо кӯмаки техникии Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ЮНКТАД, Котиботи давлатии Шветсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, БРСММ ва САҲА амалӣ карда шуд.
«Бо ин ташаббус САҲА дастгирии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои тиҷоратӣ барои болоравӣ ва рушди фарогири миллӣ ва минтақавии иқтисодӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои навовариҳои рақамии ба беҳтар намудани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ва коҳиш додани хатарҳои амниятӣ нигаронидашуда идома медиҳад», гуфт Филиппо Кривелларо, роҳбари Бахши иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Портали тиҷоратии Тоҷикистон платформаи интернетиест, ки барои мусоидат намудан ба амалиётҳои тиҷоративу сармоявӣ барои намояндагони хориҷӣ ва дохилии бахши хусусӣ равона шудааст. Таҷҳизоти электронӣ иттилооти муфассалро дар бораи расмиёти савдо ва сармоягузорӣ дар кишвар нашр мекунад. Дар он расмиёт зина-ба-зина тавсиф шуда, маълумот дар бораи ҳамаи шахсон барои тамосгирӣ (мақомотҳо), варақаҳо, талаботҳо, хароҷот, мӯҳлатҳо, роҳҳои муроҷиат барои кӯмак ва заминаҳои ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд.
Бароҳмонии портали ягонае, ки тамоми қоидаҳо ва расмиёти тиҷоратиро дар бар мегирад вақти корӣ ва хароҷоти амалиётиро, бахусус барои тоҷирон ва корхонаҳое, ки дар соҳаҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ машғуланд, сарфа менамояд.
Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд ва моҳи майи соли 2015 Созишномаи мусоидат ба тиҷоратиро ба тасвиб расонид, ки ба мусоидат ба тиҷорат бо соддатар намудани расмиёти ҳаракати нақлиёт, коҳиш додани хароҷот ва вақти барасмиятдарорӣ ва иҷозати молҳо дар тиҷорати наздисарҳадӣ нигаронида шудааст.