Дар вилояти Хатлон силсилаи курсҳои омӯзишии аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкилшуда, ки таҷрибаҳои беҳтарини эътино намудан ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагиро муаррифӣ намуданд, ба анҷом мерасад.
26 апрели соли 2019 дар вилояти Кӯлоб як қатор курсҳои такмили ихтисос доир ба эътино намудан ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои муовинони сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст ба анҷом расид.
Курсҳо дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои оид ба ислоҳоти милитсия ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ доир гардиданд.
Дар чорабиниҳои аз 10 то 26 апрели соли 2019 суръатгирифта дар маҷмӯъ 43 корманди шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Хатлон ва Суғд иштирок намуданд.
Курсҳо бо истифода аз усулҳои интерактивӣ гузаронида шуданд, ки муаррифиҳо, муҳокимаҳо, кор дар гурӯҳ, видеонаворҳои кӯтоҳ ва нақшофариро дар бар гирифтанд.
Иштирокчиён дар бораи шаклҳои зӯроварӣ дар оила, робитаи зӯроварии хонаводагӣ бо қолабҳои гендерӣ ва таъсири манфии он ба оила, ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо зӯроварӣ дар оила ва меъёрҳои байналмилалии кор бо зӯроварон ва ҳифзи қурбониҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷанбаҳои равонии кор бо зӯроварон ва ҷабрдидагон, ҳамчунин чаҳорчӯби миллии меъёрӣ-ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ маълумот гирифтанд.
«Ҳадафи асосии ин курсҳои омӯзишӣ баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила мебошад», - гуфт мутахассис ва равоншинос Маҳмадулло Давлатов. «Баланд бардоштани савияи дониш дар бораи ҷанбаҳои равонӣ ва ҳуқуқии мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ барои татбиқи бомуваффақияти Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар Тоҷикистон муҳим аст.
Дар чорабиниҳо генерал Фарҳодбек Шодмонзода, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва Маҳкам Шукуров, намояндаи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд ва дар бораи механизмҳои мавҷудаи татбиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ҷорӣ намудани масъалаҳои гендерӣ ҳангоми ислоҳоти милитсия муаррифӣ (презентатсия) пешниҳод намуданд.
Курсҳои мушобеҳ соли 2018 барои кормандони шӯъбаҳои минтақавии милитсия дар Ғарм, Хуҷанд ва Ромит суръат гирифтанд.