Намояндагони расмии Тоҷикистон дар сафари омӯзишии аз ҷониби САҲА ташкилшуда бо таҷрибаҳои пешқадами кампусҳои (шаҳраки таълимӣ) технологияҳои иттилоотӣ шинос мешаванд
Дар таърихи 15-19 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои мансабдорони давлатии Тоҷикистон сафари омӯзиширо ба Арманистон ташкил намуд. Ҳадафи сафари омӯзишӣ ба мансабдорон фароҳам овардани имконияти шинос шудан бо стратегияҳои инноватсионии рушди иқтисод буд.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи шашнафараи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Маъмурияти шаҳри Душанбе ва ширкати Sifat Innotech Invest иштирок намуданд.
Сафари омӯзишӣ аз ташриф ба ширкатҳои Synergy International, Microsoft Арманистон, Маркази инноватсионии Microsoft, Tumo, Synopsis ва марказҳои технологӣ, инчунин Бунёди инкубатори соҳибкорӣ оғоз ёфт. Намояндагиҳо табодули таҷрибаҳои дахлдори худ намуданд ва аз имконияти хабардор намудани якдигар дар бораи тадбирҳое, ки имрӯз барои пешбурди раванди ҳамаҷонибаи ба сиёсат нигаронидашудаи рақамисозии иқтисодиёт дар ҳар ду кишвар андешида мешаванд, истифода карданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯриҳо ва боздидҳо дар маҳалҳо дар Ереван ва марказҳои технологии Гюмри ва Ванадзор ширкат варзиданд. Ҳайати намояндагон бо афзалиятҳои платформаҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо, ки рушди инфрасохторро тақвият медиҳанд, шинос шуд.
«Шиносоӣ бо инфрасохтори рақамӣ дар Арманистон барои мо таҷрибаи беназире гардид, ки мо дар он ҷо стратегия ва тактикаи гузариш ба иқтисоди рақамиро омӯхтем», - гуфт Манижаи Муҳаммад, директори ширкати Sifat Innotech Invest. «Ҳамчун намояндагии бахши хусусӣ, ки дар ҷодаи рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон талош меварзад, ширкати мо дар таҳияи нармафзор (барномаи компютерӣ) барои вазорату идораҳои кишвар нақши асосӣ мебозад. Илова бар он, ин ташрифи омӯзишӣ барои ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои давлатии мамлакати мо ҳамчун платформа мебошад, ки мо бо онҳо минбаъд низ дар соҳаи рақамисозии иқтисод ҳамкорӣ хоҳем кард».
Боздид барои бароҳмонии ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Арманистон, марказҳои технологияҳои эҷодкор ва технопаркҳо барои омӯхтани стратегияҳои инноватсионӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аъзои ҳайати намояндагони Тоҷикистон инчунин нақши таҳсилоти ҷавонон дар соҳаи технологияҳои иттилоотиро, ки дар Арманистон ба роҳ монда шудааст қайд карданд.