САҲА ба Суди олии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ тақдим менамояд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Маркази таълимии судяҳои Суди олии Тоҷикистон 25 адад компютер ва як принтерро барои баланд бардоштани сифати омӯзиши судяҳо ва прокурорҳо тақдим намуд. Маросими тақдим 19-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
САҲА бо Суди олӣ муносибатҳои тӯлонии ҳамкориро дар соҳаи таҳкими иқтидори мақомотҳои судӣ ҷиҳати риояи ӯҳдадориҳои САҲА дорад. Соҳаҳои ҳамкорӣ масъалаҳои марбут ба адлияи ноболиғон, озодии ВАО, эҳтимоли бегуноҳӣ, пешгирии шиканҷа ва доираи васеи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд.
«Мо хушнудем, ки барои беҳтар намудани муҳити таълимӣ мусоидат намудем, ки барои таҳқиқ ва дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ имкон медиҳад. Он инчунин имконияти беҳтар гузаронидани семинарҳо ва вусъат додани имкониятҳои такмили ихтисоси судяҳо ва прокурорҳоро тавассути интернет фароҳам хоҳад овард, - гуфт Роберт Ҳойер, роҳбари Шаъбаи андозагирии инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Директори Маркази таълимии судяҳои Суди олӣ Солеҳ Завқизода ба САҲА барои дастгирӣ арзи сипос намуда иброз намуд: «Таҷҳизоти тақдимшуда иқтидори Маркази таълимии судяҳоро тақвият медиҳад. Мо бо САҲА дар тамоми соҳаҳои марбут ба ӯҳдадориҳои САҲА ҳамкории созанда дорем».
Тақдим бо дархости Маркази таълимии судяҳо сурат гирифт. САҲА Ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи тавсияҳои расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 ва Нақшаи миллии амалиёти ислоҳоти системаи адлияи ноболиғон барои солҳои 2017-2021 дастгирӣ мекунад.