САҲА ба журналистони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рӯзноманигории экологиро меомӯзонад
17 ва 18 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 35 рӯзноманигори ҷавон аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни кишвар курсҳои омӯзиширо оид ба рӯзноманигории экологӣ ва масъалаҳои муҳими экологӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд. Чорабинӣ якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда шуд.
Рӯзноманигорони ҷавон - 18 зан ва 17 мард аз шаҳри Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ҷайҳун, Бохтар ва Рашт дониши худро оид ба мушкилоти экологӣ дар кишвар, Конвенсияи Орхус ва тарзи ба тамошобинон ва хонандагони воситаҳои ахбори омма гузоришдиҳии мавзӯъҳои муҳити зист васеъ намуданд.
Муовини сардори Маркази иттилоотии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодулло Сангов гуфт: «Чорабинии имрӯза яке аз ташаббусҳои САҲА дар чаҳорчӯби ҳамкории судманди САҲА ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ташаккул додани афкори ҷомеа, САҲА дар ҳамкорӣ бо Кумита ният доранд, ки рӯзноманигорони ҷавонро барои баланд бардоштани огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои экологӣ ва ба аҳолӣ расонидани иттилооти воқеӣ ва боэътимод омӯзонанд».
Филиппо Кривелларо, сардори Бахши иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Мо итминон дорем, ки мақолаҳои баландсифат ва иҷтимоиӣ дар рӯзномаҳо, интернет, барномаҳои радио ва телевизион метавонанд ба аҳолии бештар дар саросари Тоҷикистон дастрас бошанд ва ба татбиқи санадҳои стратегии ҳукуматӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд».
Дар доираи омӯзиш иштирокчиён ба корхонаи коркарди коғаз ва боғи ботаникии Душанбе ташриф оварда дар он ҷо дар бораи ташрифҳо гузоришҳо таҳия намуданд, ки баъдтар дар тренингҳо муаррифӣ ва таҳлил карда шудаанд.