САҲА курси омӯзиширо оид ба баробарии гендерӣ барои ҷавонони ҳизбҳои сиёсии дар Тоҷикистон бақайдгирифташуда баргузор менамояд
Дар таърихи 12 ва 13 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 28 нафар ҷавонмардону ҷавонзанон, намояндагони ҷавони ҳафт ҳизби сиёсии бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза баргузор намуд.
Иштирокчиён дар бораи аҳамияти баробарии гендерӣ барои ҷомеаи бехатар, инчунин нақши ҷавонон дар пешбурди баробарии гендерӣ дар ҳизбҳои худ омӯхтанд. Тренингҳои интерактивӣ кор дар гурӯҳҳо, машғулиятҳои нақшофарӣ ва презентатсияҳоеро, ки аз ҷониби ҷавонон таҳия шудаанд, дарбар гирифтанд.
“Иштирокчиён имконият доштанд бо принсипҳои асосии баробарии гендерӣ ва аҳамияти он барои ҷомеаи бехатаре, ки ба талаботи ҳар як фарди ҷомеа ҷавобгӯ аст, шинос шаванд”, - иброз дошт Роберт Хойер, сардори Департаменти андозагирии инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. “Ҳукумати Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва стратегияҳоро барои беҳбуди вазъи занон дар сиёсат ва ҷомеа қабул кардааст, ва ин курс заминаи мазкурро илова мекунад”.
Дар натиҷаи курс, намояндагони ҷавони манфиатдор даъват карда шуданд, ки ба шабакаи аз ҷониби САҲА таъсис додашудаи “Чемпионҳои (ҳомиёни барҷастаи) гендерӣ” ҳамроҳ шаванд. САҲА пайваста бо шабака кор мебарад ва онро бо ҷалби аъзоёни нав аз ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш медиҳад.