Дар Қазоқистон шиносоии коршиносони Осиёи Марказӣ бо низомҳои поксозии башардӯстонаи минаҳо оғоз ёфтааст
1 апрели соли 2019, дар Алмаато, Қазоқистон, Курси панҷрӯзаи минтақавии таълимии САҲА «Шиносоӣ бо низомҳои поксозии башардӯстонаи минаҳо» оғоз ёфт.
Курсе, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Қазоқистон, якҷоя бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Нурсултон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир намуда шуд, 31 нафар коршиносони низомӣ ва граждании Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ҷамъ овард.
Чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва малакаҳо барои бунёди бехатар, муассир ва самарабахши низомҳои поксозии башардӯстонаи минаҳо таҳкурсиро таъмин менамояд. Қисми назариявии тренинг дар Маркази «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ»-и (KAZCENT) шаҳри Алмаато баргузор мегардад ва машғулиятҳои амалӣ 4 апрели соли 2019 дар Маркази Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба поксозии минаҳо дар Капшагай доир мегарданд.
Дар рафти чорабинӣ коршиносон аз Фармондеҳиҳои марказии Артиш ва Қувваҳои ҳавоии ИМА, Маркази «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» дар Алмаато, Маркази Вазорати мудофиаи Қазоқистон оид ба поксозии минаҳо, Маркази Хорватия оид ба поксозии минаҳо, Дафтари СҒҲ «Кӯмаки мардуми Норвегия» дар Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози барномаҳои САҲА дар Украина, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар бораи таҷрибаҳои беҳтарин мубодилаи афкор менамоянд.
Курс дар доираи дастгирии дарозмуддати САҲА аз таҳияи механизми ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилот ва вазифаҳои марбут ба безараргардонии маводҳои тарканда доир гардид.