Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии САҲА дар Душанбе ҷаласа доир менамояд
![](https://www.osce.org/files/imagecache/10_large_gallery/IMG_20190201_105705_BURST11.jpg?1549540486)
1 ва 2 феврали соли 2019 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи дуюми солонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа 40 нафар аъзо ва шарикони калидии Эътилоф аз саросари кишвар ҷамъ омада фаъолият, стратегия ва нақшаҳои худро барои солҳои 2019-2020 муҳокима карданд.
Мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳо барои фаъолияти минбаъда дар чаҳорчӯбаи стратегия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ барои муҳокимаи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани мониторинги мустақили муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ таъкид карданд.
Эътилоф ҳамкориро бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои ҳукуматӣ, ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ васеъ менамояд. Соли 2018 аъзоёни Эътилоф бо Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои ҳуқуқшиносон дар бораи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла ҷуброни зарар ба қурбониён ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳамкории зич намуданд.
Аъзоёни Эътилоф дар таҳияи гузориши алтернативӣ барои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ фаъолона иштирок карда дар ҳамкорӣ бо Дафтари кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи Нақшаи миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ширкат варзиданд, ки 24 январи соли 2019 қабул карда шуд.
Эътилоф дар мусоидат намудан ба парвандаҳои судӣ барои ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ва дар расонидани кӯмаки офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо нақши асосӣ мебозад.
«Аз лаҳзаи таъсисёбии Эътилоф мо бо САҲА ҳамкории зич дорем ва мунтазам ҳамкории худро тавсеа медиҳем», - гуфт роҳбари Эътилоф ва директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Нурмаҳмад Халилов. «Дастгирии САҲА ба мо имкон дод, ки иқтидори адвокатҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон баланд бардорем ва дастрасии адолати судиро барои қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо таъмин намоем», - гуфт Халилов.