САҲА сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистонро ба Гурҷистон баҳри омӯхтани таҷрибаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор кард
Аз санаи 8-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ, аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон рафтанд. Мақсади сафар аз омӯхтани таҷрибаи Гурҷистон оиди иҷроиш ва назорати Стратегия ва Нақшаи амали ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон буд. Сафари омӯзишӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ Гурҷистон ташкил ва баргузор гардид.
Гурҷистон ҳамчун макони сафари омӯзишӣ интихоб гардид, чун ин давлат ислоҳоти адолати судӣ нисбати кӯдаконро бомуваффақ гузаронидааст. Дар рафти сафари омӯзишӣ мавзӯъҳои таҳияи Кодекси адлия нисбати ноболиғон, Барномаи корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани малакаҳои кормандони адлия насбати кор бо кӯдакони гумонбар, шоҳидон ва ҷабрдидагон, ҷамъ намудани маълумот, тартиби нақшаҳои бегуноҳшуурӣ ва реинтегратсия (азнавбарқароршавии равонии шахсӣ), эҷоди муҳит ва муносибати дӯстона барои кӯдак дар вақти гузаронидани пурсиш дар суд ва пулис баррасӣ шуданд.
“Ин сафар барои мо хеле самарабахш буд, чун мо аз мақомтҳои гуногуни Гурҷистон дидан намудем ва оид ба масъалаҳое, ки марбут ба Барнома ва Нақшаи амали ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 мебошад, дониши худро мукаммал гардондем”- гуфт Навруз Шоҳиён, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз аъзоёни сафари омӯзишӣ буд.