Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишиеро дар бораи кӯмаки аввалияи таъҷилӣ барои кормандони хадамоти сарҳадӣ баргузор менамояд
Дар санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе давраи омӯзишии панҷрӯза оид ба расонидани кӯмаки аввалияи таъҷилӣ ба анҷом расид.
Дар курси омӯзишии мазкур 25 марзбони тоҷик иштирок намуданд, ки аз онҳо 14 нафар занҳо буданд. Омӯзиш аз тарафи тренерони ботраҷибаи Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар тӯли панҷ рӯзи омӯзиш, марзбонон маҳоратҳои асосии наҷотдиҳиро аз худ намуданд. Онҳо дар бораи чӣ гуна вокуниш нишон додан ба ҷароҳатҳои вобаста ба ҳодисаҳои ҷангӣ, ва ҳамчунин ҷароҳатҳо ва бемориҳои вобаста ба гармо, сармо, баландӣ ва дигар анвоъи ҷароҳатҳо ва бемориҳои вобаста ба муҳити зист омӯзонида шуданд. Ичунин, иштироккунандагон чӣ гуна дар ҳолатҳои фавқулодда нигоҳ доштани оромиро омӯхтанд.
Дар омӯзиш мавзӯъҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои нохуш бидуни бардоштани ҷароҳат ва хатар бар ҷони худ ва атрофиён, ҷойгиршавӣ ва истифодаи таҷҳизоти наҷотбахшӣ ва мушоҳидаю омӯхтани ҳолати умумии шахсони осебдида баррасӣ шуданд. Ба иштироккунандагон ҳамчунин бастаи (аптечкаи) лавозимоти кӯмаки аввалия супорида шуданд.
Мушовири оид ба масъалаҳои идоракунии сарҳад аз Шуъбаи низомӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вячеслав Абраметс, кулли иштироккунандагонро бо хатми омӯзиш табрик намуда гуфт: “Дафатари мо тавассути баргузор намудани курсҳои омӯзишии баландсифат дар чанд соҳаи калидӣ барои тақвияти зарфияти марзбонони тоҷик кӯмак мекунад”.