Мусоҳиба бо Сафир Туула Юрёля, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Дар мусоҳибаи мазкур сафир Туула Юрёля ба рӯйдодҳои муҳими фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дастовардҳои он баъд аз вазифаи Роҳбари Намояндагиро моҳи октябри соли 2016 қабул намуданаш назар меафканад.
Аз лаҳзаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба зимма гирифтани Шумо якуним сол сипарӣ шуд. Дар тӯли ҳамин вақт Дафтар ба чӣ дастовардҳои асосӣ ноил гашт?
Ҳангоми боздиди намояндагиҳои САҲА, аз ҷумла намояндагӣ дар Душанбе дар тӯли хизмати худ ба ҳайси дипломати Финляндия ман ҳамеша фаъолияти САҲА-ро, ки дар баъзе давлатҳои узви он анҷом дода мешавад, баланд арзёбӣ менамудам. Ман хушҳолам, ки дар муддати адои вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ин ақидаи ман тасдиқи худро ёфт. Мо соҳиби портфолиои (маҷмӯаи) хуби барномаҳо бо ҳадафи умумии пуштибонӣ аз ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарии кишвар ҳастем. Дастовардҳо натиҷаи муносибати ҳадафманди мо ба пешниҳоди таҳкими зарфият ва коршиносӣ мебошанд. Онҳо зина ба зина ба даст меоянд ва мо ба онҳо ба туфайли ҳамкории дарозмуддат бо шарикони тоҷики худ ноил мешавем.
Аз қабили намудҳои фаъолияти мо, иҷозат диҳед ман фаъолиятеро қайд намоям, ки Дафтар ҷиҳати дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла ҳамкории дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ муҳими мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм оварда мерасонад, ба сомон мерасонад. Бахусус ман шодам, ки САҲА имконияти мизбонии муштараки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомезро дошт. Он 3 ва 4 май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба таври муштарак бо Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо доир шуд. Барои Дафтар рӯйдоди асосии ин баҳор сафари расмии Дабири кулли САҲА Томас Гремингер ба Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ буд, ки дар рафти он ӯ бо Президент Эмомали Раҳмон мулоқот доир намуд ва дар конфронси мазкур ширкат варзид.
САҲА ҳамчунин дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 аз 20 то 22 июн дар Душанбе саҳмгузор шуд. Натиҷаҳои конфронс ба мо дурнаморо барои худи Дафтар оид ба масоили захираҳои об барои даҳсолаи оянда таъмин менамоянд.
Ниҳоят, иҷозат диҳед қайд намоям, ки ман то чӣ андоза аз садоқати самимии мо ба дастгирии занон дар Тоҷикистон хоҳ дар муддати шарикии мо бо занҳои сиёсатмадор ва хоҳ расонидани кӯмак ба қурбониёни зӯроварӣ дар оила ифтихор менамоям. Ман хушҳолам, ки ба мо ташкил намудани Иттиҳоди занон дар парлумон муяссар гардид. Занҳои қонунбарори тоҷик якҷо кор намуда, масъалаҳоеро бештар ба таври самарабахш мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор диҳанд, ки барои рушди баъдии баробарии гендерӣ муҳим мебошанд.
Соли 2017 ваколатномаи Дафтар ва номи он аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тағйир дода шуд. Ин барои фаъолияти САҲА дар кишвар чӣ гуна аҳамият дорад?
Мо фаъолияти худро оид ба масъалаҳои фарогири се андозагирии САҲА дар соҳаи амният: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ идома медиҳем, аммо мутобиқи ваколатномаи нав, мо дигар панҷ дафтари минтақавиро надорем, ки дар саросари кишвар ҷойгир буданд. Мо усулҳои бо фаъолияти худ фаро гирфтани ҳам мақомоти давлатии маҳаллӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии минтақавиро ба таври муносиб таҷдид намудем.
Дар ҳамкории мо бо кишвари мизбон таваҷҷӯҳи асосӣ ба тақвияти масъулияти мақомоти маҳаллӣ (барои иҷроиши барномаҳои Дафтар) ва таъмини шарикии воқеӣ бо ҳукумати Тоҷикистон равона мешавад. Мо Платформаи нави ҳамкориро дорем, ки ду маротиба дар як сол ҳам бо ҳукумат ва ҳам бо ҳамтоёни мо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муҳокимаи таҷрибаҳои аз соли гузашта андӯхта ва банақшагирии муштараки фаъолияти минбаъда доир мешавад. Ин барои банақшагирии минбаъдаи барномаҳои мо самти стратегиро таъмин менамояд ва ба шарикони мо имконияти саҳмгузории саривақтиро фароҳам меоварад. Дар ҷараёни рушди формати нави ҳамкории мазкур, мо эътимодро низ тақвият медиҳем ва усулҳои бештар самарабахши ҳамкориро тавассути таҳияи дурнамои муштараки стратегии он таъсире меомӯзем, ки мо дар доираи ваколатнома ва буҷети маҳдуди Дафтари барномаҳо мехоҳем якҷоя ба он ноил шавем. Ман мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба калимаи «шарикӣ» ҷалб намоям, чунки ин он чизест, ки воқеан ҳаст ва бояд аз он иборат бошад.
Аз самтҳои афзалиятдори фаъолияти Дафтар дутоаш густариши ҳамкории мутақобила бо ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва беҳтар намудани иттилоотонии стратегӣ дар бораи фаъолияти Дафтар мебошад. Чаро ин ду рукн ин қадар муҳиманд?
Агар шарикии мо воқеӣ набошад, мо ба натиҷаҳои устувор ноил шуда наметавонем. Ваколатномаи мо интиқоли ниҳоии масъулиятро ба Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Таҳкими иқтидор танҳо дар ҳоле имконпазир аст, ки шарики қабулкунанда – ҷониби манфиатдори маҳаллӣ – ба истифодаи бештар самарабахши омӯзишҳо ё кордонии аз ҷониби Дафтар пешниҳодшаванда омода аст.
Дар робита бо инъикоси фаъолият: бахусус шарикони маҳаллии мо, ҳамчунин давлатҳои узв ва шарикони байналмилалии иҷроиши лоиҳаҳо бояд дарк намоянд, ки мо чӣ кор мекунем ва чаро ва тамоми фаъолияти мо дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни маҳаллии мо ба роҳ монда мешавад. Мантиқи мазкур ягон чизи наве нест. Огоҳӣ эътимод ва дастгирии фаъолияти моро тақвият медиҳад ва барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории беҳтар замина мегузорад. Вақте ки мо соҳаҳои такмилталабро муайян намудем, мо ба баррасии роҳҳои инъикоси беҳтари фаъолияти мо шурӯъ намудем. Умедворам, ки дар солҳои ояндаи наздик мо ба мавқеи (имиҷи) аллакай мусбии худ тавассути воситаҳои гуногуни таҳвили ахборот такя мекунем. Ҳамчунин, мо мехоҳем ба воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон имконоти бештар дарҷ намудани фаъолияти мо ва баҳрабардорони моро фароҳам оварем. Дар Дафтар мо моҳияти иттилоотонии стратегӣ ва роҳҳои ба он ноил шуданро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Биллохира, муошират менталитет мебошад.
Бо дарназардошти рӯйдодҳои минтақавӣ Шумо барои Тоҷикистон ва Дафтар чӣ имкониятҳоро мебинед?
Дар Тоҷикистон ҳама аз беҳтар шудани муносибот бо Ӯзбекистони ҳамсоя дар ҳаяҷонанд. Дар ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ тағйироти мусбӣ ба назар мерасад. Мо қобилияти мутобиқсозии барномаҳои худро ба ниёзҳои нав дорем ва ба ин кор мувофиқи дархости шарикони тоҷикистонии худ омодаем. Воқеият баназаргирии маҳдудиятҳои буҷетиро тақозо менамояд; ба ибораи дигар, барои ноил шудан ба як чизи нав мо бояд як чизи кӯҳнаро зина ба зина хотима бахшем. Бояд ба талаботи рӯз ҷавобгӯ шуд ва эҳтиёҷоти ҷории кишварро қонеъ гардонд.
Ман тахмин карда метавонам, ки Дафтар тамоми фаъолияти барномавии худро дар ҳар се андозагирии амният таҷдид менамояд. Мисол, масоили кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои сайёҳӣ, ҷараёни қонунии молҳо ва одамон, ва имконот ва мушкилоти аз ин маншаъгирандаро метавон тавассути барномаҳои сарҳадӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар андозагирии инсонӣ ҳаллу фасл кард.
Нақши умумии ояндаи САҲА-ро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?
Ман аллакай устувории фаъолияти моро дар Тоҷикистон зикр намудам, устуворие, ки аз дурнамои муштараки стратегии оянда, ва таъсире, ки мо хоҳиши ба он якҷо ноил шуданро дорем, маншаъ мегирад. Бо ин ҳадаф мо ба ҳукумат пешниҳод намудем Чаҳорчӯби муштараки стратегиро барои панҷ соли оянда 2019-2023 мувофиқа намоем. Ин ба ҳар ду ҷониб дақиқи ҳадаф ва дурнамои мушоҳида ва арзёбии натиҷаҳоро таъмин менамояд. Платформаи ҳамкорӣ ба мо аллакай воситаи ислоҳи фаъолияти моро дар асоси дарсҳои омӯхта ва эҳтиёҷоти пайдошаванда пешниҳод менамояд.
Ба назари ман дар солҳои наздик Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таъминкунандаи муассир ва натиҷабахши барномаҳои омӯзишӣ ва коршиносӣ барои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ман ҳамчунин интизори онам, ки мо мусоидати худро ҷиҳати ба ҳам овардани мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон бо дарназардошти ваколатномаи мо оид ба расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ идома медиҳем.
САҲА — созмони амниятӣ ва дорои консепсияи амнияти фарогир мебошад, ки аз доираи маҳдудиятҳои қатъии маъмулии амниятӣ мебарояд. Тоҷикистон, ки намояндагии САҲА-ро дар қаламрави худ дорад, имконоти васеи истифодаи беҳтарини кӯмаки расонидаашвандаро ба кишвар аз ҷониби дигар давлатҳои узв тавассути Дафтари барномаҳо дорад. Биллохира, буҷети Дафтари барномаҳо аз маблағҳои андозсупорандагони САҲА иборат аст. Мо умедворем маблағҳои мазкурро ба таври беҳтарин истифода кунем ва хоҳиши дидани натиҷаҳоеро дорем, ки ҳадафҳои асосии Созмон ва иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар тӯли чанд сол ҳамчун яке аз давлатҳои узви ташкилкунандаи ин Созмон ба зимма гирифтаро дастгирӣ мекунанд.