САҲА конфронси «Об барои рушди устувор»-ро дар Душанбе дастгирӣ менамояд
20 июни соли 2018 дар Душанбе конфронси дурӯзаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» кори худро оғоз намуд. Конфронс аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти масъалаҳои иқдисодӣ ва иҷтимоии СММ, Механизми «ООН-захираҳои обӣ» дар ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир гардидааст.
САҲА ҷиҳати расонидани кӯмак ба рушди устувори захираҳои обӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи амният, гулгулшукуфӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамкори деринаи ҳукумати Тоҷикистон аст.
Сафир Вук Жугич, Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА зимни суханронии худ қайд намуд, ки об кишварҳои истифодабарандаи захираҳои обии фаромарзиро муттаҳид менамояд. Идоранамоии муштараки захираҳои обӣ метавонад боиси беҳтар гардидани муносибатҳои байни кишварҳо ва таҳкими амният, гулгулшукуфӣ ва ҳифзи муҳити зист гардад. «Об метавонад сарчашмаи ҳамкорӣ низ гардад. Барои ин зарур аст, ки САҲА тамоми кӯшишҳои худро ба мусоидат намудан ба дипломатияи самаранок дар масъалаҳои захираҳои обӣ равона кунад”, афзуд Жугич.
Дар рӯзи дуюми конфронс САҲА якҷоя бо Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид мусоҳибаҳои марбут ба Панели амалҳо оид ба ҳамкории фаромарзӣ ва дипломатияи оид ба масъалаҳои захираҳои обиро доир менамоянд.
Интизорӣ меравад, ки дар конфронс намояндагони агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла олимон ва коршиносон ширкат меварзанд.