ДИДҲБ/САҲА миссияи нозиронро дар робита бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 20-уми январи соли 2015 – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ) ба таври расмӣ Миссияи Нозирони Интихобот (МНИ)-ро барои интихоботи парлумонӣ дар санаи 1-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон суръат гирифтааст.
Роҳбарии миссияи нозиронро ҷаноби Миклош Ҳарасти ба ӯҳда дошта, он аз 14 нафар ҳайати асосии коршиносон дар шаҳри Душанбе иборат аст. Илова бар ин, шурӯъ аз 24-уми январи соли 2015 дар саросари манотиқи кишвар 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рӯзи интихобот дархост хоҳад кард.
Миссия ҷараёни интихоботро мутобиқи ӯҳдадориҳои САҲА, дигар ӯҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва ҳамчунин мувофиқати онро бо қонунгузории миллӣ назорат хоҳад кард. Нозирон бақайдгирии номзадҳова овоздиҳандагонро, маъракаҳои ташвиқотӣ, фаъолияти маъмурияти интихобот ва мақомоти дахлдори давлатиро, қонунгузорӣ оиди интихобот ва амалигардонии онро, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат хоҳанд кард. Ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабарӣ мониторинг мекунад.
Дар ҷараёни назорат, миссия бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва ҷомеаи байналмилалӣ мулоқотҳо доир хоҳад кард.
Дар рӯзи интихобот, нозирон кушодашавии участкаҳои интихоботӣ, рафти овоздиҳӣ, ҳисобкунии бюллетенҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳоро назорат менамоянд. Дар рӯзи интихобот, МНИ САҲА/ДИДҲБ фаъолияти худро бо ҳайати Ассамблеяи Парлумонии САҲА якҷоя ба роҳ хоҳад монд.
Изҳороти хулосаҳои пешакӣ фардои рӯзи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳоӣ оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад
Миссияи Нозирони Интихоботии ДИДҲБ/САҲА ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таҳти мандатҳои дахлдори худ ҷудогона фаъолият хоҳанд кард.
Барои дарёфти маълумоти бештар, лутфан ба сомонаи зерин ташриф оред: http://www.osce.org/odihr/elections/tajikistan ё бо Клаудия Аранда, таҳлилгари ВАО-и миссияи нозирони интихобот бо суроғаи зайл тамос гиред:
+992 98 7360097 (телефонии дастӣ) ё claudia.aranda@odihr.tj (почтаи электронӣ)
ва ё Томас Ример, сухангӯи ДИДҲБ: + 48 609 522 266 (телефони дастӣ); [email protected] (почтаи электронӣ)