Гузориши матбуотӣ Демократияи Тоҷик дар интихоботи президентии берақобат ба пуррагӣ санҷида нашуд
ДУШАНБЕ, 7 ноябри соли 2006 ‐ Интихоботи президентии 6‐уми ноябрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти гузаштан аз санҷиши пурраи таҷрибаҳои демократии интихоботиро бо сабаби мавҷуд набудани рақобати воқеӣ ва гуногунандешии назаррас фароҳам наовард, чунин хулоса мешавад дар гузориши Миссияи Назорати Интихоботии САҲА, ки имрӯз ба табъ расид.
«Мавҷуд набудани маъракаи пешазинтихоботии ҷиддӣ ва алтернативаҳои боварибахш то андозае ин интихоботро коҳиш дода имкон надод, ки ўҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани интихоботи демократӣ ба таври лозимӣ санҷида шавад. Як қатор норасоиҳо низ дар раванди интихобот намоён буданд» ‐ гуфт Киммо Килюнен, сардори Ҳайати намояндагии Ассамблеяи парлумонии САҲА ва Ҳамоҳангсози махсуси нозирони кўтоҳмуддати САҲА.
Онно ван дер Уинд, сарвари Миссияи дарозмуддати аз тарафи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ОБСЕ сафарбаршуда илова кард: «Дар ҳоле ки интихоботи мазкур баъзе беҳбудиҳоро нишон медиҳад, чаҳорчўбаи ҳуқуқии кифояи интихоботи воқеан ҳам демократӣ вуҷуд надошт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати узви САҲА барои амалигардонии онҳо ўҳдадор аст. Аз ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки тавсияҳои қаблан пешниҳодкардаи САҲА/ДИДҲБ‐ро, ки ба ҳалли ин масъалаҳо равона мешаванд, иҷро кунад.
Доираи қонунӣ ва як қатор ҷиҳатҳои техникии раванди интихобот беҳбудиҳои назаррасро тақозо мекунад. Ин талаботи ҷамъоварии имзоҳои 5 фоизи интихобокунандагонро ба дастгирии номзад ва вуҷуд надоштани шаффофияти раванди тасмимгириро дар сатҳи баландтарини маъмурияти интихоботӣ дар бар мегирад.
Маъракаи ташвиқотӣ қариб ноаён буда тамаркузи васоити ахбори ома ба Президенти кунунӣ дар нақши президент нигаронида шуда буд. Ҳамчун пешрафти мусбат ба ҳамаи номзадҳо вақти эфирии бепул ва саҳифаҳои бепул дар расонаҳои давлатӣ пешниҳод карда шуд. Аммо номзадҳо аз ин имконият ба пуррагӣ истифода накарданд.
Интихобот дар фазои ором баргузор шуда босамар идора шуд. Бо вуҷуди ин, нозирон норасоиҳои ҷиддиро ҳангоми овоздиҳӣ, аз ҷумла овоздиҳии васеъпаҳншудаи оилавӣ, овоздиҳӣ аз номи шахсони дигар, овоздиҳии чандкарата ва имзоҳои якхеларо дар рўйхати интихобкунандагон мушоҳида карданд. Сарфи назар аз тренингҳои гузоронидашуда барои шахсони масъул, тартиби овоздиҳӣ ва ҳисоби овозҳо дар бисёр ҳолатҳо риоя нашуданд ва дар маҳаллаҳо теъдоди баланди ҳозиршавии (иштироки) овоздиҳандагон берун аз тасаввурот буд.
Тақрибан 170 нозирони байналмилалӣ аз 32 кишвар аз номи САҲА/ДИДҲБ ва Ассамблеяи парлумонии САҲА раванди овоздиҳӣ ва ҳисоби овозҳоро назорат карданд.