Манбаъҳо
ПРИНСИПҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ВОБАСТА БА МАҚОМИ СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИИ ҶАМОАҲОИ ДИНӢ ВА ҶАМОАҲОИ БА ЭЪТИҚОДҲОИ МУАЙЯН ПАЙРАВИКУНАНДА
Мақсади Тавсияҳои мазкур – барои ашхосе, ки дар таҳия ва татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи озодии дин ё эътиқод иштирок мекунанд, аз он ҷумла ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод намудани ҳуҷҷати намунавии дарбаргирандаи меъёрҳои ҳадди ақали байналмилалӣ дар самти эътирофнамоии ҷамоаҳои динӣ ё ҷамоаҳое, ки ба эътиқоди муайян пайравӣ мекунанд, мебошад. Муаллифон кӯшиш намекунанд, ки созишномаҳои амалкунандаи байни давлатҳо ва ҷамоаҳои диниву ҷамоаҳои ба эътиқоди муайян пайравикунандаро зери шубҳа гузоранд. Вазифаи ҳуҷҷати мазкур бештар ба таври мухтасар шарҳ додани заминаҳои ҳуқуқие, ки ба ҷомеаҳои хоҳишманд имконияти одилонаи ба даст овардани мақоми шахси ҳуқуқӣ, инчунин, истифодаи меъёрҳои муқарраршударо бидуни табъиз таъмин намудан мебошад, равона шудааст. Дар нашрияи мазкур масъалаҳои бақайдгирӣ ва эътирофи расмии ташкилотҳои динӣ ё ташкилотҳои ба эътиқоди муайян пайравикунанда ба таври муфассал баррасӣ мешаванд ва ин маводро бахши II.F-и Тавсияҳои соли 2004 «Қонунҳои танзимкунандаи бақайдгирии ташкилотҳои динӣ ва ташкилотҳои ба эътиқоди муайян пайравикунанда» пурра мекунад. Бо вуҷуди ин, муқаррароти Тавсияҳои соли 2004 пурра эътибори худро нигоҳ медоранд.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.