Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА № 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов ва Сафир Юрёля оид ба дурнамоӣ ва авлавиятҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби мандати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табодули назар карданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дастгирии Тоҷикистон аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳоло ҳам бамаврид аст.
Сафир Юрёля қайд намуд, ки ҳангоми банақшагирии барномаҳои ояндаи Дафтар авлавиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили бехатарии марзҳо, рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки аз муҳоҷират бармегарданд, бояд ба назар гирифта шаванд.
Ӯ таъкид кард, ки Дафтари барномаҳо хоҳон аст имкониятҳои навро барои таҳкими ҳамкорӣ омӯзад, то иштироки кишвари мизбонро дар татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои Дафтар таъмин намояд.