ОСАЊА шарики арзанда барои Афѓонистон мебошад, гуфт Раиси САЊА њангоми ташрифи худ ба Музофоти шимолї
ЌУНДУЗ, Афѓонистон, 17 маи соли 2011 – Њамкории САЊА бо Афѓонистон ба талошњо дар созмон додани амнияти минтаќавї сањмгузорї менамояд ва бояд ки ин њамкорї тањким гардад, то ки он таъсири бештаре дошта бошад, изњор намуд Раиси феълии САЊА, Вазири корњои хориљии Литва Аудронюс Ажубалис имрўз њангоми ташрифи худ ба Ќундуз.
«Чолишњое зиёде, ки имрўз Афѓонистон бо онњо рўбарў аст, вокуниши фарогиранда ва њамоњангшударо талаб менамоянд», гуфта гузашт Ажубалис њангоми ташрифи якрўзаи худ ба Вилояти Ќундуз дар шимоли Афѓонистон, дар куљо ў аз тарафи Раиси ин вилоят Муњаммад Анвар Љегдалек пазируфта шуд.
«САЊА бо бархўрди чандљонибаи худ нисбат ба амният, ки аз љанбањои сиёсї-њарбї, иќтисодї ва экологї, ва инсонї иборат мебошад, як љузъи ин гуна вокуниш мебошад. Лоињањои мо барои тањким намудани сарњад бо Тољикистон кўмак расонидаанд ва ман умед дорам, ки онњо дар оянда боз мусоидати бештаре мерасонанд.»
Афѓонистон соли 2003 Шарик барои њамкории САЊА гардид. Шарикони САЊА метавонанд дар чорабинињову фаъолиятњои САЊА бо дастгирии молиявї аз хазинаи махсусе, ки ба таври ихтиёрї аз тарафи баъзе аз кишварон-иштирокчиёни САЊА таъмин намуда мешавад, иштирок намоянд.
Дар соли 2007 вазирони корњои хориљї аз 56 кишвар-иштирокчии САЊА ќарор ќабул намуданд, ки бо Афѓонистон њамкорї намоянд. Барои татбиќи ин ќарор, Созмон кишварро тавассути таълим додан ба зиёда аз 100 нафар афсарони гумрук ва марзбонони Афѓонистон ва гузаронидани курсњои омўзишї барои афсарони пулиси Афѓонистон оид ба стратегияњо ва методњои муайян намудани њуљљатњои ќалбакї, дастгирї намуд.
Илова бар ин, дафтарњои сањроии САЊА, ки дар Осиёи Марказї љойгир шудаанд, бо Афѓонистон тавассути бурдани кор дар самти мусоидат намудан ба бехатарии сарњадї ва идоракунии сарњадњо ва тиљорати байнисарњадї, њамкорї намуда истодаанд.
Дафтари САЊА оид ба институтњои демократї ва њуќуќи башар ба кишвар Гурўњњои ёридињанда барои гузаронидани интихоботро барои кўмак намудан ба омодагињо ва гузаронидани интихоботњои солњои 2004, 2005, 2009 ва 2010 фиристода буд.
Дар Саммити САЊА, ки моњи декабри соли 2010 дар ш. Остонаи Ќазоќистон баргузор гардида буд, роњбарони САЊА зарурати сањмгузории самарабахшро «ба талошњои дастаљамъонаи байналмиллалї барои мусоидат намудан ба Афѓонистон дар табдил ёфтани он ба кишвари боамну субот, мустаќил, инкишофёфта ва демократї», таъкид намуданд.
Литва, ки Раисии САЊА-ро дар соли 2011 ба ўњда дорад, таќвияти њамкориро бо Афѓонистон авлавияти худ мешуморад.