Раиси амалкунандаи САҲА Тоҷикистонро барои 25 соли шарикии мустаҳкам ва созанда баҳои баланд дод
БРАТИСЛАВА, 23 майи соли 2019 – Раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак дар вақти ба охир расонидани сафари худ ба се кишвари Осиёи Марказӣ, санаи 22 май бо сафари хотимавӣ ба Тоҷикистон омад ва Тоҷикистонро бо қабули раёсати чормоҳа дар Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи амният табрику таҳният намуд.
Дар мулоқот бо роҳбарияти Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси амалкунандаи САҲА барои ҳамкории созандаи Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар давоми 25 сол ва мизбонӣ намудани Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ, ба роҳбарияти кишвар миннатдории худро баён кард..
Ӯ ҳамчунин омодагии САҲА-ро барои идома додани дастгирии ҳамкории Тоҷикистон бо Афғонистон иброз намуд.
Зимни суханрониаш дар бораи фаъолияти дуҷонибаи кишварҳо, раиси амалкунандаи САҲА Мирослав Лайчак бахсус дар бораи фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар самти поксозии минаҳо дар масоҳати қариб чор миллион метри мураббаъи, ки ба идоракунии сарҳад ва амният тақвият мебахшад, мусоидат ба баробарии гендерӣ тавассути воҳидҳои милитсияи ба масъалаҳои гендерӣ ҳассос ё рушди соҳибкорӣ бо барномаи кӯмакдиҳӣ ба соҳибкорони навомӯз қайд кард.
«Тоҷикистон ва САҲА якҷоя роҳи тӯлониро тай карданд», - гуфт ҷаноби Лайчак. «Тавассути ҳамаи ин ташаббусҳо, ҷойҳои ноамнӣ ва ташаннуҷ ба марказҳои имконоти иқтисодӣ мубаддал гардиданд», - афзуд ӯ.
Вазир Лайчак зимни ташрифаш ба Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ қайд кард, ки «Коллеҷ дар давоми аллакай даҳ сол ҳамчун таҷассумгари рӯҳияи ҳамкории САҲА дар минтақа мебошад. Дар Коллеҷ зиёда аз 3,300 намоянда аз 59 кишвари ҷаҳон дар соҳаи идоракунӣ ва амнияти сарҳадҳо малакаҳои муҳимро такмил доданд. Дар дарсҳо занони сарҳадбон низ дониш омӯхтанд ва ин нишонаи як қадами бузург ба пеш дар ин соҳа мебошад, ки дар он қаблан аз рӯйи анъана танҳо мардон ҳукмронӣ мекарданд».
Дар рафти сафари расмӣ дар Тоҷикистон, раиси амалкунандаи САҲА инчунин бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ доир намуд, то дар бораи фаъолият ва лоиҳаҳои онҳо дар кишвар бештар маълумот гирад. Ӯ бо гурӯҳи ҷавонон мулоқот карда онҳоро ҳидоят кард, ки ҳифзгарони бисёрҷанбагӣ ва тарафдорони бароҳмонии муносибатҳои байни одамон, сулҳҷӯён ва навоварони фардо бошанд..Раиси амалкунанда иброз намуд, ки «САҲА ва раёсати словакӣ барои ҷонибдории Тоҷикистон дар самти ноилшавӣ ба афзалиятҳои миллии хеш, пешбарии ислоҳот ва таҳкими суботи минтақа ба ин кишвар ташриф овардааст».