Publications
Шарҳи Вазъи Ҳолатҳои Фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Publishing date: 3 июл 2018
Content type: Таҳқиқот / гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Бознигарии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумита) анҷом шудааст, дорои маълумот дар бораи тадбирҳои анҷомшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, таҳлили вазъият дар соҳаи мазкур, фаъолияти Кумита дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсир ва пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Бознигарӣ ҳамчунин шомили маводҳо оид ба назорат, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Бознигарӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.
Дастур оид ба офиятбахшии психологии ҷабрдидаҳои зӯроварӣ дар оила (Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси психология)
Publishing date: 20 сентябр 2016
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Ин дастур ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила кӯмак пешниҳод мекунад ва барои психологҳои оянда, кормандони марказҳои бӯҳронӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ роҳнамо мебошад. Ин дастур аз маълумоти амиқ дар бораи зӯроварӣ дар оила иборат мебошад. Дар он инчунин шарҳи ҷанбаҳои амалии машваратҳои психологӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила омадааст. Дастур танҳо ба забони тоҷикӣ дастрас аст.
Пешгирии Зӯроварӣ дар Оила: Китоби Иттилоотӣ
Publishing date: 23 июн 2016
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Мақсади асосии дастур ин такмили сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама нозирони милитсия, ки бевосита бо аҳолии мамлакат кор мебаранд ва муқаррароти қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро амалӣ месозанд, мебошад. Дастур моҳияти зӯроварӣ дар оиларо тавассути дарки вазъи равонии ҳуқуқвайронкунанда ва ҷабрдида, фаҳмиши стереотипҳои мавҷуда дар бораи зӯроварӣ дар оила ва ҷанбаҳои гуногуни баробарии гендерӣ, мефаҳмонад. Дастур инчунин нақши кормандони милитсияро дар мубориза бар зидди ин падидаи манфии иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои усули байнисоҳавиро дар самти расонидани кӯмак ва ҳимоя ба ҷабрдидагон муайян месозад.
«Барои шахсоне, ки дучори зўроварии хонаводагї гаштаанд»
Publishing date: 1 июл 2015
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Шӯъба оид ба масъалаҳои огоҳӣ ва баробарии гендерӣ ба нашри бюллетени иттилоотӣ/ маълумотномае, ки дорои маълумот дар бораи марказҳои бӯҳронӣ, шӯъбаҳои махсуси милитсия, идораҳои милитсия, Марказҳои захиравии заноне, ки аз тарафи САҲА дастгирӣ мешаванд ва дигар ҷойҳое, ки дар он ҷо ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила баррасӣ мешаванд ҳаст, кӯмак мерасонад.