САҲА семинари байналмилалиро оид ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ дастгирӣ кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) семинари байналмилалиро оид ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), ки аз 24 то 27 сентябри соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, дастгирӣ намуд. Семинар бо мизбонии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он 60 нафар аз 9 кишвари узви Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. Мақсади семинар омодагӣ ба даври чоруми арзёбии мутақобилаи ФАТФ буд, ки оғози он моҳи сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Дар чорчӯбаи усули нави интихоби баҳодиҳандагон, номзадҳо пеш аз омӯзиши баҳодиҳандагон мавриди омӯзиши пешакӣ оид ба стандартҳои ФАТФ қарор гирифтанд.
«Ҷаласаи имрӯза, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ташкил карда шудааст, имкони беназиреро барои баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба татбиқи стандартҳои ФАТФ дар кишварҳои мо фароҳам меорад», - гуфт Татяна Туркан, Муовини Роҳбари Дафтари барномаҳо дар нутки табрикотӣ. “Дар шароити чолишҳои глобалӣ, ки мо бо он рӯбарӯ ҳастем, ҳамкории ҳамоҳангшуда ва муассир барои таъмини амнияти молиявӣ ва волоияти қонун шарти ҳатмӣ аст”.
Дар семинар мубоҳисаҳои амиқ доир ба чорчӯбаи мураккаб ва таҷрибаҳои беҳтарини стандартҳои ФАТФ, мусоидат ба дарки амиқи протоколҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва протоколҳои маблағгузории терроризм фаро гирифта шуданд. Иштирокчиён аз презентатсияҳои таҳти роҳбарии коршиносон, омӯзиши мисолҳои амалӣ ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ баҳра бурданд, ки ба баланд бардоштани маҳорати онҳо дар арзёбӣ ва татбиқи тавсияҳои ФАТФ нигаронида шудаанд. Семинар инчунин машқҳои сенариявӣ барои пешниҳоди таҷрибаи амалӣ дар ҳалли мушкилоти амалиро дар бар гирифт, ки иштирокчиёнро барои татбиқи самараноки ин стандартҳо дар доираи салоҳияти худ хуб омода намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои дастгирии таҳкими тавонмандии институтсионалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят сурат гирифт.