САҲА барномаи минтақавии такмили ихтисоси роҳбаладонро барои мутахассисон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ташкил кард
17 майи соли 2024 дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чимтеппаи наздикии Душанбе барномаи якҳафтаинаи минтақавии такмили ихтисоси роҳбаладон ба анҷом расид.
Барои доир намудани барномаи таълимӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонӣ мегардад, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар доираи лоиҳаи Ҳамкории муштараки фарогир дар коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда (ICExH) бо Фармондеҳии марказии артиши ИМА (USARCENT) ҳамкорӣ кардааст. Барнома аз 13 то 17 майи соли 2024 доир гардид.
Дар омӯзиш 13 нафар мутахассисон ва таҷрибадорон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат варзиданд. Ҳадафи ин барнома такмил додани маҳорати омӯзгории онҳо тавассути таъмини онҳо бо усулҳои муҳим барои баланд бардоштани самаранокии омӯзиш ва интиқоли дониш дар дохили кишварҳои худ буд.
Дар давоми барномаи панҷрӯза омӯзгорон маҳорати худро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла принсипҳо ва назарияҳои омӯзиши калонсолон, модели тарҳрезии таълими Гагне, асосҳои таълими муассир ва таъмини роҳбарии омӯзиш такмил доданд. Онҳо инчунин ба ҷалб ва нигоҳ доштани таваҷҷӯҳи донишҷӯён, ба таври муассир расонидани мундариҷаи курс ва истифодаи усулҳои саволгузорӣ барои пешбурди омӯзиш тамаркуз карданд. Илова бар ин, иштирокчиён баҳодиҳии фаъолияти донишҷӯён, таҳияи принсипҳои тарҳрезии маводи таълимӣ, ноил шудан ба натиҷаҳо, пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои пурмазмун ва дарсдиҳӣ аз ҷониби донишҷӯёнро омӯхтанд.
Барномаи таълимиро роҳбаладони USARCENT гузарониданд, ки онро барои қонеъ кардани ниёзҳои мушаххаси иштирокчиёни Осиёи Марказӣ мутобиқ сохтанд. Ин барномаи таҳти роҳбарии USARCENT барои иштирокчиён имкони пурарзиш фароҳам овард, то аз мутахассисони ботаҷриба омӯхта ва таҷрибаи пешқадамро бо ҳамкасбони тамоми минтақа мубодила кунанд.
Ин ташаббус ҳамкориҳои минтақавиро таҳким бахшида, ба ташаккул додани инфрасохтори боз ҳам мустаҳкам ва муассиртари омӯзиш дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Бо мусаллаҳ гардонидани роҳбаладони (устодони) минтақавӣ бо малакаҳои зарурӣ барои фароҳам овардани муҳити ҷолибтар ва муассиртари омӯзиш барои омӯзандагони оянда, барнома фарҳанги омӯзиши пайвастаро афзоиш медиҳад. Дар ниҳояти кор, ин кӯшиш ҳадафи васеътари САҲА – таҳкими амният ва ҳамкории минтақавиро дастгирӣ мекунад.