САҲА пахши барномаҳоро оид ба беҳтар намудани муносибатҳои ҷомеа ва милитсия дастгирӣ кард
28 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дастгирии худро дар шакли доир намудани мусоҳибаҳои телевизионӣ бахшида ба мавзӯи «Қонун дар бораи иштироки ҷомеа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» пешкаш намуд. Мусоҳибаи телевизионӣ 28-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб (вилояти Хатлон) бо ҷалби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, нозирони минтақавии шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо, курсантҳои Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоби ВКД ва коршиносон ташкил ва намоиш дода шуд.
Иштирокчиёни мусоҳибаи телевизионӣ масъалаи ҳамкории нозирони минтақавии милитсия бо аъзоёни ҷомеа ва ворид намудани тағйирот ба доираи фаъолияти онҳоро баррасӣ намуданд. Нозирони милитсия нуқтаи назари худро оид ба ин масъала ва мушкилоте, ки дар кори ҳаррӯзаашон рӯбарӯ мешаванд, иброз намуданд. Илова бар ин, иштирокдорон ҳамчунин қайд намуданд, ки афзоиши шумораи занон-нозирони минтақавӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва муборизаи муассир бо зӯроварӣ дар оила ва ҷиноятҳои гендерӣ саҳми мусбат хоҳад гузошт. Онҳо дар идома изҳор доштанд, ки бо пайдо шудани нозирони зан эътимод бештар мешавад ва ҷомеа, бахусус занон, бештар ба кумаки онҳо муроҷиат мекунанд.
Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии нозирони минтақавии милитсия ва пурзӯр намудани ҳамкории ҷомеа бо милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Кӯлоб буд. САҲА ҷонибдори рушди ҳамкориҳои милитсия ва ҷомеа тавассути ташаббусҳои таҳкими эътимод ва муколама мебошад.