САҲА омӯзиши ҳайати Раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Хуҷандро дастгирӣ кард
Рӯзҳои 25-27 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии (МҶТМ) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доир намудани тренинг дар шаҳри Хуҷанд мусоидат намуд.
Чорабинии мазкур бист нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарони шӯъбаҳо ва роҳбаладони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз навоҳии гуногуни вилояти Суғдро гирд овард. Омӯзишро сардори Раёсати Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ полковник Сафарбек Аваз роҳбарӣ мекард, ки дар асоси барномаи таҷдидшудаи таълимии бо дастгирии Дафтари барномаҳо нашршуда гузаронида шуд. Иштирокчиён тавонистанд дониши худро дар бораи барномаи таълимии таҷдидшудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва роҳнамоии методӣ дар соҳаи мудофиаи шаҳрвандӣ такмил диҳанд. Дафтари барномаҳо интизор аст, ки ин курси такмили ихтисос зарфияти роҳбаладон ва ҳайати роҳбарикунандаи таълимии вилоятиро барои такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии мудофиаи шаҳрвандӣ афзоиш медиҳад.
Дафтари барномаҳо омӯзиши мазкурро дар соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва вилояти Хатлон низ мутобиқи ҳадафҳои стратегии Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 баргузор менамояд.